Як зани 23-сола дар шаҳри Душанбе бо аломатҳои захми зиёди корд дарёфт гардид. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, ин нафарро аз гузаргоҳи пиёдагарди назди хатти роҳи оҳани истгоҳи шаҳри Душанбе пайдо кардаанд.
Манбаъ афзуд, рӯзи 28-уми августи соли равон тахминан соати 05:40 шаҳрванд Мавзуна Бобоева (сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Шаумян, хонаи 1 «а», ҳуҷраи 60) мавриди лату кӯб ва кордзании шахси номаълум қарор гирифтааст. Ҳангоми интиқол ёфтанаш ба беморхонаи ёрии таъҷилӣ Мавзуна ба ҳалокат расидааст.
Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шавҳараш Абдуалим Раҳмонов 29-сола содир намудааст. Ба иттилои манбаъ, Раҳмонов қаблан доғи судӣ дошта, пеш бо моддаи 244 қ. 2 КҶ ҶТаз озодӣ маҳрум гардидааст. Ҷустуҷӯи ҷинояткор феълан аз ҷониби мақомоти интизомӣ идома дорад.