Ситораи эстрада гуфтааст, аз ин баъд ҳиҷоб мепӯшад
Овозхон ва таронанависи маъруфи Индонезия дар клипи суруди “Синта дан ибада” (Муҳаббат ва ибодат) бо ҳиҷоб зоҳир мешавад.
Мелли Гоэслоу гуфта, бо ҳиҷоб худро роҳат эҳсос кард: “ман зиёд тарзи пӯшидани ҳиҷобро омӯхтам. Аз интернет маълумоти зиёд гирифтам. Одамон мегӯянд, ҳиҷоб хеле гарм аст, аммо барои ман хеле роҳат буд”.
Ба қавли Мелли аз ин баъд дар зиндагии маъмулӣ ҳам ҳиҷоб хоҳад пӯшид: “шавҳар ва фарзандонам маро дастгирӣ мекунанд. Ман либоси зиёде дорам, ки онҳоро бо ҳиҷоб мешавад пӯшид. Либосҳои дигарро ба ниёзмандон медиҳам”.