Тифлро ба 700 сомонӣ харида, ба 3 ҳазор $ фурӯхтааст
Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ба иттиҳоми кӯдакфурӯшӣ як ҷавонзани 23-соларо дар Душанбе боздошт намудаанд.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ, ҳангоми чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки дастгиршуда писарчаи навзоди сокини 20-солаи шаҳри Ваҳдатро ба маблағи 700 сомонӣ харида, ба як зани 31-сола аз Душанбе ба ивази 3 ҳазор доллар фурӯхтааст.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.