(ВИДЕО) Ҳушдори "Ҷумҳурият" ба Кабирӣ: "Аъмоли ихвониҳо бояд дарси ибрат бошад, то..."
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” - нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо гузашти беш аз ду ҳафта матлаби эътирозиеро алайҳи изҳороти Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии кишвар, ки гуфта буд, ҳизбаш омодааст, идораи давлатро бар дӯш гирад, нашр кард. Дар ин матлаб, ки таҳти унвони “Кори ҳар кас нест, давлат сохтан!” чоп шудаасту ба қалами Фарҳод Салимов нисбат дода мешавад, гуфта шудааст, ки раиси ҲНИТ даъвои бузургии ҳизби худро мекунаду барои ноором намудани ҷомеа дар сар фикри роҳандозии кадом нақшаи “хиёнаткорона”-еро дорад.
Муаллифи матлаб барои тақвяти ин фарзияи худ суханони Муҳиддин Кабириро мисол меорад: “Бисёр сода нашавем, ҳамон вақт бо шумо сулҳ мекунанд, ки қудрат доред. Бо одами заиф ҳеч кас сулҳ намекунад, одами заифро аз байн мебаранд, мағлуб мекунанд, мутеъ мекунанд ё ҳамеша дар ҳолати ҷанг он одами заиф боқӣ мемонад. Ҷангро тарафҳои қавӣ ва заиф бардавом карда метавонанд”.
Дар идомаи матлаби нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо овардани назари шарҳнависи яке аз сомонаҳои дохилӣ бо номи Давлат, аз ҲНИТ даъват шудааст, ба ҷои ин гуна даъвоҳо аввал дунболи муттаҳидсозию ислоҳоти дохилии худ шавад: “Бо кадом нерӯ, бо кадом қувва ва пайравонатон Шумо давлатро идора карданӣ ҳастед, вақте худ дар дохил парокандаеду бо ҳам низоъ доред. Агар ҳукумати феълӣ ноуҳдабаро бошад, ҲНИТ аз он ҳам ноуҳдабаротар аст ва дар як муддат кишварро ба фано мебарад.”
Оқои Салимов дар матлаби худ таъкид кардааст, агар Муҳиддин Кабирӣ бо он чаҳор нафаре, ки дар гирди худ дорад, аз ҷумла Сайидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳайит ва Ҳикматулло Сайфуллозода ва бовар дорад, давлат сохта метавонад, хато кардааст. Ба гуфтаи ӯ, гӯиё Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини кунунии раиси ҲНИТ замони фаолияташ ба ҳайси муовини раиси Кумитаи давлатии телезион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон буданаш кореро ба нафъи мардуми тоҷик накардааст.
“Магар Кабирӣ аз рафторҳои «Ихвонулмуслимин» таҷриба нагирифт, ки аз худ қаҳрамонтарошӣ мекунад. Ихвониҳо низ мехостанд дар Миср ҳукумат кунанд ва муборизаи ҳафтодсолаашон нишон дод, ки имкони як сол ҳам идора кардани давлати Мисрро надоштаанд. Аъмоли «Ихвонулмуслимин» бояд барои наҳзатиҳо дарси ибрат бошад, то дониста сухан кунанд”,-омадааст, дар матлаб.
Дар охир бо овардани назари шарҳнависон фаъолият ва шахсияти раиси ҲНИТ зери тозиёнаи танқид кашонида шуда, хотирнишон шудааст, ки агар замоне як ҷониб бо наҳзатиҳо даст дода буд, пас он ба хотири сулҳу субот буд, на чизи дигар.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 24 июни соли ҷорӣ, дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қароргоҳи ин ҳизб ва дар ҳузури намояндагони сафоратҳо, созмонҳо ва аҳзоби сиёсӣ, дар хитоб ба аъзо ва тарафдорони ҲНИТ гуфта буд, вақти он расидааст, то ҳаққи ҳалоли худро аз дигарон талаб кунанд. Ӯ афзуд, ҳар чи қадаре ки аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ сатҳи талаботи худро поинтар мекунанд, ҳамон андоза болояшон фишор бештар мегардад. “Ошкор бояд бигӯем, чаро на, ин ҳизб метавонад масъулияти кишварро ба даст гирад. Агар натавонистанд дуруст рафтор карда, Наҳзати исломии Тоҷикистон омодааст масъулияти кишварро ба ӯҳда гирад”,-таъкид дошт ӯ.
Дар идомаи суханронии худ оқои Кабирӣ аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ёдоварӣ кард, ки дар як паёми худ чунин гуфта будааст: "Агар ҳукумати Тоҷикистон тавонист давлатро идора карда, миллатро ҳамчун миллати сарбаланду озод идора бикунад, вазифаи ҲНИТ кумак кардан аст. Агар дидем, ҳукумат дар идораи давлат мушкил дорад, аз ӯҳдаи он намебарояд, камбудӣ дорад, қудраташ намерасад, пас Наҳзати исломӣ омодааст бо роҳи муколама ҳукуматро ислоҳ бикунад. Вале агар бубинем, ки ҳукумат на инро метавонанд на онро, на давлатро идора карда метавонанду на иқтисоду сиёсатро дарк карда, камбудҳоро ислоҳ намекунад, вазифаи як ҳизби дигар аст, ки биёяд ва бигӯяд, ки ҷойро холӣ кунед ва масъулиятро ба ҳизби дигар бидиҳед.”