Баҳси Расулзода бо директори “Газпром Интернэшнл” дар бораи нафт
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо Валерий Гулев, директори идоракунандаи ширкати “Газпром Интернэшнл Б.В.” мулоқот кардааст.
Расулзода дар ин дидораш бо Гулев татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ дар қаламрави Тоҷикистон ва нақшаи ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар ояндаро баррасӣ кардааст.
Инчунин ҷонибҳо рафти иҷрои созишнома дар робита ба гузаронидани корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ дар майдонҳои ояндадори нафту гази Тоҷикистонро, ки моҳи июни соли 2008 миёни ҳукумати кишвар ва Ҷаъмияти саҳомии шакли кушодаи (ҶСК) “Газпром” ба имзо расида буд, ба баҳс кашидаанд.
Сарвазири Тоҷикистон ва Валерий Гулев ба баргузории конференсияи геологҳо дар шаҳри Душанбе барои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи нафту газ, таъмини иҷрои лоиҳаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва баррасии рафти иҷрои ин лоиҳаҳо таъкид кардаанд.