Қодиров то охири Рамазон дар Макка 50 ҳазор нафарро ифтор медиҳад
Наздики 50 ҳазор нафар дар шаҳри Макка то охири моҳи Рамазон метавонанд ройгон ғизо бихӯранд. Фонди минтақавии ба номи Аҳмадхоҷа Қодиров аз роҳандозии иқдоми хайриявие хабар додааст.
Одам Ҷовтахонов, ёвари президенти Чеченистон гуфтааст, ифторҳо дар Масҷид-ул-Ҳаром, дар наздикии Каъба созмон дода мешаванд. “Тасмими ихтисос додани маболиғ барои роҳандозии ин иқдомро раҳбари Фонд Аймани Қодирова гирифт”,-гуфтааст манбаъ.