Гузориши муовинони Убайдуллоев дар назди вакилон
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум охири моҳи равон баргузор мешавад.
Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, бар асоси қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси ин ниҳод иҷлосияи мазкур рӯзи 31 июли соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Манбаъ мегӯяд, қарор аст, дар ин иҷлосия масоили марбут ба баргузории Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо ва омодагии пойтахт ба ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай матраҳ шавад.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, инчунин Бурҳон Назаров ва Низом Ҳакимов, ду муовини Убайдуллоев дар назди вакилони шаҳрӣ дар робита ба қарорҳои қаблан қабулшуда оид ба ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт ва беҳдошти фаъолияти хизматрасонии нақлиёти мусофиркашӣ дар пойтахт гузориш хоҳанд дод. Ба иттилои ин ниҳод, баррасии масъалаи номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаю кӯча, майдону хиёбон ва боғҳои пойтахт низ дар назар аст.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни иҷлосия вакилон як қатор қарорҳои раиси шаҳрро тасдиқ хоҳанд кард.