Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон ба 104 ҳазору 553 тонна расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба нақшаи пешбинишуда 7 ҳазору 678 тонна зиёд мебошад. Ба иттиллои маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноат, истихроҷи ангишт имсол нисбати соли гузашта дар Тоҷикистон 1 ҳазору 939 тонна ва ё 102% афзоиш ёфтааст.
Бино ба маълумоти манбаъ, аз аввали соли равон то ҳол 102114,5 тонна ангишт ба фурӯш бароварда шудааст. Содироти ангишт аз кони ангишти «Зиддӣ» ва «Яғноб»-и Тоҷикистон ба ҷумҳурии Покистон ба 14.406 тонна расидааст. Воридот бошад аз дигар давлатҳо ба Тоҷикистон то аввалҳои августи соли ҷорӣ 5.888.818 тонна ангиштро ташкил медиҳад.
Гуфтанист, воридоти 1 тонна ангишт ба Тоҷикистон аз Русия 135 ва аз Қирғизистон 40 доларри ИМА- арзиш дорад. Айни ҳол нархи як тонна ангишт дар конҳои маҳаллӣ ба ҳисоби миёна 137, 45 сомонӣ мебошад. Феълан, дар кишвар 1815 адад нуқтаҳои фурӯши ангишт мавҷуд аст. Бояд зикр намоем, ки охири ҳафтаи моҳи августи соли равон иди касбии кормандони соҳаи ангиштро дар Тоҷикистон ҷашн мегиранд. «Рӯзи ангиштканон» ҳамасола дар кишвар дар ҳамин вақт ҷашн гирифта мешавад. Вазорати энергетика ва саноат ба муносибати ин ид кормандони фаъоли соҳаи ангиштро ифтихорнома ва як қатор тӯҳфаҳо тақдим намудааст.