Дарёфти ёқуту зумурад аз манзили Абдулзоҳид Махсумов
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокинони 44-солаи ноҳияи Рудакӣ ба иттиҳоми қочоқи сангҳои қиматбаҳо хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, дар пайи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандонаш дар манзили истиқоматии Абдулзоҳид Махсумов 118, 36 грам санги қиматбаҳо дарёфт ва мусодира шудааст. Ба иттилои манбаъ, аз ин нишондод, 85-адад сангчаҳои табии “ёқут”, вазни умумиашон 112,11-грамм ва 15-адад сангчаҳои табии “зумурад”, вазни умумиашон 6,25-грамм мебошад.
Вазорати умури дохилии кишвар меафзояд, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтишот идома дорад.