Тоҷикистон 5 ҳазору 731 мансабдори давлатӣ дорад
Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, маоши миёнаи хизматчиёни давлатӣ айни ҳол 904 сомониро ташкил дода, нисбати соли гузашта 81 сомонӣ зиёд шудааст.
Қосимзода Гурез Ҷурахон, муовини якуми раиси агентӣ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, маоши баланди хизматчиёни давлатӣ аз собиқаи кории онҳо вобастагӣ дорад.
Тибқи иттилои Қосимзода Гурез Ҷурахон дар Тоҷикистон 18728 хизматчии давлатӣ фаъолият доранд, ки аз ин 4393 нафар ё 23,4%-ро занон ташкил медиҳанд.
Номбурда мегӯяд, миёни хизматчиёни давлатӣ 7832 нафар ё 41,8% ҷавонони то синни 35 сола фаъолият мекунанд. Ба қавли Қосимзода Гурез Ҷурахон, аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ 5731 нафар дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 1114 тан ё 19,4% занон ва 1235 ва ё 21,5% ҷавонон мебошанд.
Муовини якуми раиси Агентии хизмати давлатӣ иброз намуд, ки дар 6 моҳаи соли равон 66 хизматчии давлатиро бо сабаби ба синни ниҳоӣ расиданашон аз вазифа озод кардаанд. Ба гуфтаи ӯ муҳлати дар хизмати давлатӣ будани 37 нафари дигар, ки ба синни ниҳоӣ расидаанд, тибқи қонунгузории кишвар, тамдид карда шудааст.
Қосимзода Гурез Ҷурахон хотиррасон кард, ки синни нафақа барои мардон 63 ва барои занон 58 сол муайян шудааст.