Ҳамойиши номбурда бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар, дар якҷоягӣ бо кумитаи иҷроияи ИДМ, парлумон, вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи идоракунии назди президенти ҷумҳурии Беларус сурат пазируфт.
Дар китоби мазкур баромадҳои иштирокчиёни конфронси байналхалқӣ «20- соли истиқлолияти Тоҷикистон ва 15 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус», аз ҷумла сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов, муовини аввали раиси кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун, муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Беларус Игор Петришенко, ҳамчунин сафирони кишварҳои хориҷӣ, ки дар ҷумҳурии Беларус ба қайд гирифта шудаанд, олимони машҳур ва ходимони ҷамъиятӣ, намояндагони хадамотҳои идоравӣ ва донишгоҳҳои олӣ ҷо дода шудааст.
Ин китоб бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Беларус ва Академияи идоракунии назди президенти Беларус нашр шудаст,-афзуд манбаъ.