Зимни як амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯйии кормандони раёсати агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд, аз шахси 38-солаи муваққатан бекор дар шаҳри Панҷакент ҳудуди як кило афюн мусодира карданд.
Тавре аз ин ниҳод ба «Озодагон» хабар доданд, боздоштшуда сокини ҳамин шаҳр, оиладор ва соҳиби як фарзанд буда, маълумоти миёнаи таҳсилотӣ дорад. Маводи забтшударо кормандони агентӣ дар як бастаи селофанӣ кашф кардаанд ва ташхиси судӣ 978 грамм афюн будани онро тайид кардааст.
Ҳамзамон манбаъ афзуд, аммо амалиёти мазкур бо ҳамин ба анҷом нарасидааст. Дар натиҷаи андешидани чораҳои иловагӣ шарики ӯ, сокини 41- солаи шаҳри Панҷакентро, ки соҳиби чор фарзанд буда, бо маълумоти олӣ муваққатан бекор мебошад, дастгир намуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ва муфаттишон мехоҳанд дақиқ кунанд, ки ин миқдор нашъа ба куҷо ва ба кӣ бояд интиқол дода мешуд,-афзуд манбаъ.