Раҳмон Швейтсарияро “шарики муҳими тиҷоратии Тоҷикистон” номид
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми суҳбат бо Эвелин Видмер-Шлюмпф – роҳбари Департаменти федералии молияи Швейтсария кишвари ӯро “шарики муҳими тиҷоратии Тоҷикистон” унвон кардааст. Ин мулоқот субҳи 8 июл дар Душанбе баргузор шуд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, оқои Раҳмон аз ҳамкориву ҳамшарикии Тоҷикистону Швейтсария изҳори қаноатмандӣ карда, афзудааст: “Мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем ва ба густариши робитаҳо бо он таваҷҷуҳи хос дорем”.
Ба иттилои манбаъ, бо ҳимояти молии Швейтсария тайи солҳои зиёд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумор амалӣ шудаанд, ки ба гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, бахши хусусӣ ва макроиқтисодӣ, инфрасохтор, энергетика, тандурустӣ, таъмини об, муҳоҷирати корӣ ва паст кардани хатари офатҳои табиӣ равона гардидаанд. “Ҳоло 10 лоиҳаи дигар ба маблағи 67 миллион доллар татбиқ мегардад ва ояндаи наздик афзоиши шумораи чунин лоиҳаҳо ва ҳаҷми сармоягузорӣ дар назар аст”,-навиштааст торнамои расмии раиси ҷумҳур.
Бар асоси иттилои расмӣ, гардиши савдои дуҷониба, миёни Тоҷикистону Швейтсария, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 141 миллион долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2013 4,3 баробар ва нисбат ба тамоми соли 2013 1,7 баробар зиёд будааст.