Қудратов муваззаф шуд, ба “ҷабрдида”-и таҷовуз 200 000 сомонӣ диҳад
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе баҳси Моҳира Бобораҷабова, “ҷабрдида”-и таҷовуз дар парвандаи Зайд Саидов, бо вакили мудофеъ --Шуҳрат Қудратовро ба нафъи аввалӣ ҳал карда, Қудртовро муаззаф намудааст, ки ба даъвогар 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ супорад.
Дар ин бора Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, имрӯз, 8 июл ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, ки аз ҳукми баровардаи додгоҳ норозӣ буда, аз болои он шикояти коссатсиёнӣ хоҳад бурд.
Номбурда иброз дошт, ки Бахтиёр Абураҳмонзода, додраси ноҳияи Фирдавсӣ аризаи ӯро дар хусуси эътибори корияш рад намудааст: “Ҳарчанд қарори додгоҳ аз 19 июн баромада буд, вале ман дирӯз нусхаи қарорро дастрас кардам”.
Моҳира Бобораҷабова дар аризаи шикоятии худ ба додгоҳ гуфта буд, Қудратов шаъну шарафи ӯро паст зада, бояд 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардозад.
Шуҳрат Қудратов иброз медорад, ки мурофиаҳои додгоҳӣ бе ҳузури ӯ сурат гирифта ва ӯ аз болои додрас Абдураҳмонзода ба Шӯрои адлия шикоят бурдааст: “Бо сабабҳои узрнок дар мурофиа иштирок карда натавонистам ва додрасро низ огоҳ карда будам. Додрас Бахтиёр Абдураҳмонзода рӯзи 19 июни соли ҷорӣ бе иштироки ман мурофиаро гузаронда ҳалномаро қабул кардааст.”
Соли гузашта бо даъвои Моҳира ва Гулнора Бобораҷабоваҳо Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов "барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд ва ҳатто иддао пеш гузошт, ки “ҷабрдида” аз Зайд Саидов соҳиби фарзанд мебошад. Аммо баъдан ташхиси ДНК ин иддаоро рад кард ва додгоҳ парвандаро барои тафтишоти иловагӣ бозгардонд. Номи Моҳира Бобораҷабова баъд аз он расонаӣ шуд, ки тобистони соли гузашта аксҳои ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуданд. Дар ин аксҳо Моҳира Бобоаҷабова баъд аз рӯбарӯкунӣ бо Зайд Саидов аз Боздоштгоҳи муваққатӣ берун мерафт.