Оқохони IV бо харҷи 62 миллион $ дар Хоруғ ДОМ месозад
Намояндагони Бунёди Оқохон дар мулоқот бо Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон изҳор доштаанд, ки то солҳои 2017-2018 сохтмони Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар Хоруғ ба анҷом мерасад.
Тибқи иттилои сомонаи “Импулс” зимни мулоқот, ки дар ҳузури намояндаи доимии созмони Оқохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнанӣ, Шамш Кассим Лакха - раиси шӯрои муассисони донишгоҳ, директори генералии ДОМ, Богдан Кравченко ва директори сохтмон ва ишоотҳо Грант Робертсон баргузор шудааст, таъкид гардидааст, ки то охири соли равон барои корҳои сохтмонӣ наздики 25 миллион сомонӣ ҷудо хоҳад шуд.
Ба гуфтаи директори генеарлии ДОМ Богадан Кравченко донишгоҳ нақша дорад, ки моҳи сентябри соли 2014 ба сохтмони аввалин кампус оғоз кунад ва ният дорад, ки дар соли 2017-2018 дарҳои худро барои донишҷуён боз намояд: “Мо ба давраи басо асос дохил гардидем ва барои ба пеш ҳаракат намудан ба кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон ниёз дорем.”
Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар асоси созишнома, ки аз ҷониби Оқохони IV ва сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғистон ва Қазоқистон имзо шудааст, бунёд гардида, интизор меравад, аз калонтарин муассисаҳои таълимии минтақа хоҳад буд.