Рақиби Абдуллоҳ Абдуллоҳро пешсафи интихобот эълон карданд
Бино бар иттилои Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон, Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо 56,44 дарсади раъй пешсафи даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурист. Ин ниҳод эълон карда, Абдуллоҳ Абдуллоҳ 43,56 фисади овозҳоро соҳиб шудааст. Гуфтанист, ин ҳанӯз натиҷаҳои аввалияи интихоботи президентии 14 июн аст.
Ин дар ҳолест, ки аз ин пеш хабар расида буд, тимҳои интихоботии ду номзад дар мавриди бозшумории ҳазорҳо маҳали раъйдиҳӣ ба мувофиқа расидаанд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо изҳори ин ки дар раванди шумориши оро ба манфиати рақибаш тақаллуби густурда сурат гирифтааст, эътироз карда буд. Ӯ гуфт, то орои “пок” аз “нопок” ҷудо нашавад, натиҷаҳои интихоботро қабул надорад.
Тими ҷаноби Абдуллоҳ 22 июн дар пайи як нишасти хабарӣ қисмате аз суҳбати телефонии Зиёулҳаққ Амрихел, раиси дастгоҳи иҷроияи Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистонро пахш карда, гуфта буд, дар ин тамоси телефониаш бо бархе аз аъзои тими Ашрафғанӣ Аҳмадзай суҳбат мекунад.
Зиёулҳаққ Амрихел дар пайи пофишории зиёди ҳаводорони доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва тими интихоботии ӯ аз мақомаш канор рафта, гуфт, гӯиё ин иқдомро ба хотири манофеи миллии кишвараш гирифтааст. Каме баъдтар расонаҳои хабарии афғонӣ иттилоъ доданд, ки оқои Амрихел ҳамроҳ бо хонаводааш ин кишварро ба қасди Имороти Муттаҳидаи Араб тарк кардааст. Як манбаъ аз Комиссияи интихоботи ин кишвар бидуни бурдани номаш дар суҳбат бо "Тулуъ Нюз" гуфтааст, Зиёулҳақ Амрихел ҳамроҳи хонаводааш озими Лондон шудааст.