Душанбе мизбони сабқати байналмилалии футболи наврасон мешавад
Моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқоти байналмилалии футбол миёни наврасони соли таваллуди 1997-1998 барои дарёфти Ҷоми Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор мешавад.
Анваршо Мирзоев, раҳбари шӯъбаи футболи кӯдакон ва наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфтааст, ин мусобиқа аз 18 то 22 август дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар доир мегардад. Дар ин мусобиқа қарор аст, тимҳои наврасони Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон иштирок варзанд.
Дастаҳо ба ду гуруҳ ҷудо шуда, бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Аз ҳар гуруҳ дудастаӣ ба даври баъдӣ роҳхат мегирад.