Беш аз 200 донишманди ҷаҳони Ислом дар қатори олимони пуртаъсири дунё
213 олими ҷаҳони Ислом ба қатори олимони пуртаъсири дунё ворид гардидаанд.
Рӯйхати олимоне, ки кори онҳо бештар аз дигарон иқтибос шудаанд, чоп гардид, ки дар он номи зиёда аз 3 ҳазор олим ҷой гирифтааст. Бар асоси рӯйхати мазкур, ки дар торнамои https://highlycited.com/ дастрас аст, аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳашт олим ёдовар шудаанд, ки ҳамагӣ аз Русия мебошанд.
Дар баробари ин, 12 олим аз донишгоҳҳои Эрон дар қатори олимони иқтибосашон зиёд ҷой гирифтаанд, ки аксари онҳо муҳандис будаанд. Миёни кишварҳои мусалмоннишин, намояндагони бештар аз Арабистони Саудианд, ки 180 нафарро ташкил медиҳанд. Дар маҷмуъ, намояндагони мамолики мусулмоннишин (ки нисф ва бештари аҳолиаш мусулмонанд) дар рӯйхати мазкур 213 нафар мебошанд.