Лус
Азизи НАҚИБЗОД
Лус чашмгуруснаро гӯянд. Дар лаҳҷаҳо лусро носерӣ низ меноманд. Ин вожа ба касе нисбат дода мешавад, ки чашмаш аз молу чизи дунё сер намешавад. Бештар чашм ба молу кисаи дигарон мебандад.
Мардум ба шахси лус бо чашми нафрат ва ҳақорат менигаранд. Аммо як сарватманде, ки аз роҳҳои машруъ ва қонунӣ сарват ба даст меорад, лус нест. Лус ҳамонест, ки ё бо роҳи тамаъву талаб моли дигареро мегирад ё бо роҳи зулму зӯрӣ. Лусро халқ ба лошахӯр ташбеҳ мекунад.
Як нафар лусро аз чашмону нигоҳаш аз рафтораш аз зоҳираш метавон шинохт. Ангор дунёро бо чашмонаш мехоҳад, фурӯ барад. Дастонаш ҳамеша ишора ба гирифтан мекунанд. Ишорати додан ба дасти лус ҳеч гоҳ даст намедиҳад. Забонаш ҳарфи бигирро гӯиё талаффуз наметавонад кард. Танҳо бидеҳ!
Муқобили вожаи лус чашмсер аст. Одамон метавонанд ду навъ бошанд: чашмсер ва носер. Носер ҳамон лус аст. Аммо мардум нисбат ба чашмсер эҳтиром мегузоранд. Чашмсер ба молу мулки дар ихтиёрдоштааш қаноат мекунад. Чашм ба кисаи касе намедӯзад. Аз касе хасе тамаъ намекунад. Ғурурашро барои чиз зери по намегузорад. Аз талабу тамаъву ҳирс нангу ор мекунад.
Аммо мафҳуми нанг, номус, шараф, ҳамият барои лус бегона аст. Тамоми муқаддасоташ дар доираи молу пул хатм мешавад. Агар як олим ҳар рӯз аз роҳи омӯзиш ба донишаш илова кунад, лус аз роҳи лусӣ ба дороиҳояш зам мекунад.
Лусҳо низ мисли дуздҳо ду навъ мешаванд. Агар дуздҳо хасдузд шутурдузданд, лусҳо ҳам чунинанд. Агар луси одӣ чанд дираму сомоние лусӣ кунад, луси гузаро мошину хона, бозору корхона, фабрику заводи мардумро мегирад. Табиати лус чунин аст, ки ҳеч гоҳ сер намешавад. Соддалавҳон мегуфтанду мегӯянд, ки лусҳо сер шаванд, пас ғами дигаронро хоҳанд хӯрд. Хестед, ки хобед! Чун сер намешавад, лус номаш ниҳодаанд!
Ба ёд овардани симои Қорӣ-ишкамба дар «Марги судхӯр» барои шинохти як лус кофист. Вале барои дар зеҳн ғунҷондани чеҳраи як чашмсер нақлеро инҷо меорам: Раиси номдоре аз ноҳияи Ленин дар замони Шӯравӣ тамоми нақшаи сабзавот ва меваҷоти ӯҳдадориашро барзиёд иҷро мекунад. Як рӯз аз ҳар навъи меваҷот даруни мошинашро пур менамояд ва ба зиёрати Ҷаббор Расулов, муншии аввали ҳизб меравад. Пас аз аҳволпурсӣ ба Ҷаббор Расулов рӯ оварда мегӯяд, ки раис мо тамоми нақшаро иҷро кардем, ин дастовезро ба сифати кавсан ба Шумо овардем. Ҷаббор Расулов ба хона даромада, бо як тақсимчаи хурд бурун меояд ва аз як мошин мева як хӯша ангур ба рӯи тақсимча мегузораду мегӯяд, ки бақияашро ба хонаи фалон вазир баред, ки 9 бача дорад. Барои ману ҳамсарам ҳамин хӯшаи ангур кофӣ аст.
Барои ҳамин, то имрӯз аз Ҷаббор Расуловро ба унвони як фарди чашмсер ёд меоранд. Пайвандонаш аз ӯ ифтихор мекунанд. Ҳоло аз гузашта бигзарему биёем сари имрӯз. Як нафар ҳамватани мову Шумо, ки дар Русия сармояи хубе ба даст овардааст, ҳамеша ният дошт, ки сармояашро ба ватан меораду сарфи ободии гӯшае аз диёр намуд. Порсол бо сабабе Душанбе омад. Даҳ рӯз ба ҳар идорае сар заду тасмимашро тағйир дод. Вақте ки аз Душанбе мерафт чунин гуфт: -Медонӣ, мо баъзан дар Русия ҳам маҷбур мешавем, ки барои ҳалли мушкил ба мансабдорон ҳадя диҳем, вале ин тавр нест, ки ҳар идорае дароӣ ба ту мисли тӯъма нигаранд. Инҷо чун ба идорае по ниҳӣ, чеҳраи раис гургеро мемонад, ки гӯиё мешро дар пешаш дида бошад.
Мансабдоре, ки ба корафтода чун тӯъма менигарад, лус аст. Ва ин навъи лусҳо хатарноканд. Ҷомеаро аз рушд бозмедоранд. Умедҳоро дар дилҳо гӯр мекунанд!
Худо аз он рӯз нигоҳ дорад, ки одати лусӣ ба фарҳанг табдил ёбад.
Он гоҳ хатар ба даҳшат мубаддал хоҳад шуд!