Даргузашти Шеварднадзе, президенти собиқи Гурҷистон, дар 87-солагӣ
Эдуард Шеварднадзе, раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон ва вазири умури хориҷии Иттиҳоди Шӯравии собиқ аз олам даргузашт. Ӯ рӯзи 7 июл дар шаҳри Тбилисӣ, пойтахти Гурҷистон, дар синни 87-солагӣ вафот кардааст.
Шеварднадзе 25 январи соли 1928 дар деҳаи Мамати ноҳияи Ланчхуски Гурҷистони Шӯравӣ ба дунё омада, аз соли 1980 то 1990 курсии вазирии умури хориҷии Иттиҳоди Шӯравиро дар ихтиёр дошт. Баъдан, моҳи марти соли 1992, дар пайи табадуллоти давлатӣ ва суқути ҳукумати Звиад Гамсахурдия, раиси ҷумҳури фирории Гурҷистон, раиси Шӯрои давлатӣ таъйин шуда, дар интихоботи парлумонии моҳи октябри ҳамон сол раҳбари давлат ва раиси парлумони ин кишвар таъйин гардид.
Эдуард Шеварднадзе 5 ноябри соли 1995 бо ба даст овардани аксари оро (овоз) дар интихоботи президентии Гурҷистон раиси ҷумҳури ин кишвар баргузида шуда, дар интихоботи 9 апрели соли 2000 низ дастболо гардид. Моҳи ноябри соли 2003 Михаил Саакашвилӣ, ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори 35-сола ҳизби ҳокими кишварашро дар тақаллубкорӣ муттаҳам карда, дар рӯ ба рӯи бинои Маҷлиси қонунгузорӣ тазоҳурот баргузор кард ва истеъфои Эдуард Шеварднадзеро талаб намуд. Баъди як рӯзи ин ҳодиса Шеварднадзе пас аз мулоқот бо фиристодаи Русия Игор Иванов ба истеъфо рафт.