Боздошти раҳбари корхонаи “Зарзамин” ба иттиҳоми порагирӣ
Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, Маҳмудҷон Комилов -- директори корхонаи “Зарзамин”-и ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон бо иттиҳоми порагирӣ боздошт шудааст.
Дафтари матбуоти Оҷонсӣ иттилоъ медиҳад, Комилов аз шаҳрванд Маҳмадҷонов И.М. барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаи замини наздиҳавлигиаш, ки 0,88 га.-ро ташкил медиҳад, 3 ҳазор доллар талаб намудааст. Ба қавли манбаъ, нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 319, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.