Нуриддин Саидов: “Қаср надорам. Як манзили дуҳуҷраӣ дораму бас”
Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, ҳамон тавре ки дигарон фикр мекунанд, ӯ қасру кӯшк надорад, балки ҳамроҳи хонаводааш дар як манзили дуҳуҷраӣ дар пойтахт зиндагӣ мекунад. “Дар як ҳуҷра ману ҳамсарам ва дар дигареаш духтаронам ба сар мебарем”,-афзуд ӯ.
Ин ҳарфҳои вазири маориф ва илм дар ҳолест, ки дар нимаи дувуми моҳи июн Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳукумати кишвар натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ дар панҷ моҳи соли 2014-ро ба баррасӣ гирифта, изҳор дошта буд, вазъи феълӣ дар кишвар ӯро қонеъ карда наметавонад. Ӯ бо зикри баъзе равандҳои манфӣ дар 5 моҳи соли 2014 аз сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва шаҳрвандони кишвар хост, бунёди қасру хонаҳои боҳашаматро қатъ намуда, бештар барои ташаккули сармояи истеҳсолӣ, воридоти технологияи нав ва дар ин замина ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ҷаноби Саидов гуфт, ҳатто ӯ соҳиби мошини шахсӣ нест, балки ба кор тавассути мошини хидматӣ, ки аз тарафи ҳукумат дода шудаасту тамғаашро ҳам намедонад, рафта меояд. Дар идома вазири маориф ва илм дар бораи фарзандони худ низ суҳбат кард. Ӯ гуфт, духтари калонияш факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро ғоибона хатм карда, додраси Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе будааст. “Писари калониам ҳоло дар Донишгоҳи давлатии лингвистикаи шаҳри Маскав рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад. Ин писарам чор фарзанду як манзили сеҳуҷраӣ дорад”,-афзуд вазир.
Нуриддин Саидов мегӯяд, писари дигараш - Фаридун дар Минск таҳсил дорад ва соли оянда донишгоҳро бо ихтисоси “хирург-травмотолог” хатм хоҳад кард. “Як духтари дигарам нуқси забонӣ дорад ва ҳоло тарроҳи мӯю либос мебошад”,-гуфт ӯ. Бар асоси иттилои вазири маориф ва илм, духтари хурдиаш дар Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе таҳсил мекардааст. “Оилаам дар мактаби рақами 88 ба ҳайси муаллима кор мекунад”,-таъкид дошт Нуриддин Саидов.
Нуриддин Саидов аз моҳи январи соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон аст. Ӯ соли 1956 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1983 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм кардааст. Ҳоло доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон мебошад. Ӯ то омаданаш ба Вазорати маориф чаҳор сол раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.PS: “Озодагон” тасмим гирифтааст, дар ҷараёни нишастҳои хабарии масъулони вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатии Тоҷикистон аз онҳо дар бораи дороӣ ва фарзандонашон бипурсад. Иттилои бадастомада дар торнамо нашр мешавад.