МТС афроди доро ва камбағалҳои тоҷикро муайян мекунад
Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон тасмим гирифтааст, соли ҷорӣ теъдоди миллионерҳои кишварро мушаххас ва мизони камбизоатиро муайян кунад. Дар ин бора Фарида Муъминова, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ оид ба иқтисод, рӯзи 7 июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе хабар дод.
Ӯ афзуд, ҳоло омода нестанд, бигӯянд, ки дороён, миллионерҳо ё синфи миёна дар кишвар чанд фоизро ташкил медиҳад. Ба қавли Муъминова, ин таҳқиқоти онҳо аз моҳи сентябр оғоз ёфта, то охири ҳамин сол натиҷааш муайян хоҳад шуд.
Фарида Муъминова қайд намуд, таҳқиқот на танҳо дар доираи гурӯҳҳои мақсаднок, балки дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишвар гузаронда хоҳад шуд. “Соли гузашта таҳқиқотеро миёни 5 гурӯҳи мақсаднок - духтурон, муаллимон, соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хизматчиёни давлатӣ анҷом додем, ки тибқи он сатҳи синфи миёна 22 фоизро ташкил мекунад. Аҷибаш дар он буд, ки 80 фоизи пурсидашудагон гуфтанд, худро дар синфи миёна мебинанд”,-афзуд ӯ.