Посухи вазири маориф ба Бибиннисо: “Бояд ҳақ ба ҳақдор бирасад!”
Бибиннисо Мамадҷонова, хатмкунандаи мактаби рақами 18-и ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон, иддао дорад, ки мақомот “квота”-и насиби ӯро ба дигар кас додаанд. Бибиннисо рӯзи 7 июл, ҳангоми нишасти хабарии Нуриддин Саидов -- вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба Душанбе омад ва ин мавзуъро шахсан бо ӯ дар миён гузошт.
Ин хатмкунандаи мактаби 18-и ноҳияи Носири Хисрав пеш аз он ки бо вазири маориф ва илм дар ҳузури хабарнигорон суҳбат кунад, ба “Озодагон” гуфт, бори дувум аст, ки мақомот пирӯзии ӯро нодида мегиранд. “Бори аввал дар олимпиадаи ноҳиявӣ аз фанни кимиё иштирок кардем. Ҷои аввалро гирифта будам, вале баъдан онро ба Роҳима Маллаева, духтари яке аз раисони хоҷагӣ, доданд. Бори дувум барои гирифтани квота ба Донишгоҳи тиббӣ низ якҷоя ҳуҷҷат супоридем. Ман ҳафт бал гириифтам, вале квотаро боз ба ӯ доданд. Агарчӣ Маллаева тамоми вазифаҳоро иҷро накарда буд”,-нақл кард Бибиннисо.
Бибиннисо Мамадҷонова мегӯяд, он замон талош кардааст, то бо вазири маориф ва илм вохӯрда, масъаларо дар миён гузорад, аммо муваффақ нашудааст. “Баъд, ба назди муовини раиси ноҳияи Носири Хисрав Бозоргул Саидова рафтем. Вақте гуфтем, дар ин бора ба Ҷаноби Олӣ муроҷиат мекунем, он кас гуфтанд, ба куҷое равед, рафтан гиред. Моро ҳеч кас ҳеч кор карда наметавонад”,-афзуд Бибиннисо.
Ин ҳарфҳоро Бибиннисо ҳангоми нишасти хабарии Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, низ баён дошт ва гуфт, барои додхоҳӣ ба назди Сайфиддин Давлатов, масъули вазорат, рафта буд. “Гуфтам, ки бал ё холи ман барои гирифтани квота зиёд аст, онро ба кӣ доданиед? Он кас дар ҷавоб гуфтанд, “ба очаат медиҳам!”
Дар посух Сайфиддин Давлатов, ки дар нишасти хабарӣ ҳузур дошт, ин иддаои Бибиннисоро беасос донист. Нуриддин Саидов ҳам ба ин баҳс ҳаммроҳ шуд ва гуфт, “чор бор шуд аз ноҳияи Тоҷикобод қабул мекунем, касеро ёфта наметавонем, ки ба Донишгоҳи тиббӣ роҳхат гирад. Сабаб чист? Барои он ки дониши паст доранд. Акунн ба қарори ҳукумат тағйир ворид шуда, камбизоату камбағал аз байн бардошта шудавуҷавонони лаёқматманд мондааст. Чизи дигар, ҳозир ин духтар танҳо нест, нафарони зиёде ҳастанд, ки медонанд, он духтар ва ё ҷавон аз инҳо лаёқатманданд, вале тан намедиҳанд. Он қадар худбин ҳастанд, ки... Таслим намекунад, ки вай аз ӯ босавод аст. Ҳозир аризаи даъвогии дигаре омадааст аз Ҷиргатолу Темурмалик. Бояд ҳақ ба ҳақдор расад. Нафаре ки донотар аст, бояд таҳсил кунад.”