Изҳороти Юсуф Қарзовӣ алайҳи “Хилофати исломӣ”-и Абӯбакр Бағдодӣ
Иттиҳоди ҷаҳонии уламои Ислом бо нашри изҳороте таъсиси “Хилофати исломӣ” бо раҳбарии Абӯбакр Бағдодӣ, пешвои гуруҳи “Давлати исломӣ дар Ироқу Шом” (ДИИШ)-ро маҳкум кард. Дар изҳороти ин иттиҳод, ки зери имзои Юсуф Қарзовӣ, олими шинохтаи суннӣ ва раҳбари он дастраси ВАО гардид, таъкид шудааст, ин “Хилофати исломӣ” зидди меъёрҳои шариати Ислом буда, аз нафъи он зарараш ба пайравони ин дин бештар аст.”
Иттиҳоди ҷаҳонии уламои исломӣ гуфтааст, “аввалин изҳороти ДИИШ, ки дар онҳо ҷонибдорӣ аз мардуми сунни мазҳаб ва сокинони азиятдидаи Ироқ мешуду ба як хезиши мардуми норозӣ монанд буд, моро хушҳол гардониду аз он истиқбол ҳам кардем, вале дере нагузашта бо ташкил шудани “Хилофати исломӣ”-и аз сӯи ин гуруҳ, умеду орзуҳои мо ба руъё пайваст.”
Иттиҳоди мазкур гуфтааст, ҳар чанд ташкили “Хилофати исломӣ” орзуи ҳар як фарди мусулмон аст, вале дини мубини Ислом ва мактаби зиндагӣ мегӯяд, “барои таъсиси он бояд хуб фикр карду зиёд омодагӣ дид.” “Халифаи мусулмонҳо бояд аз сӯи тамоми пайравони ин дин ё намояндаи онҳо, аз қабили ходимони дину донишмандон ва ҷамъиятҳои исломӣ интихоб шавад. Аммо ин ки як гуруҳ имрӯз халифаро интихоб мекунаду аз ташкили хилофати исломӣ хабар медиҳад, зидди тамоми меъёрҳои шаръӣ аст.”
Давлати исломии Ироқ ва Шом созмони мусаллаҳи мавсуф ба террористӣ аст, ки зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ дар ин минтақа ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, раҳбари он Абӯбакр Бағдодӣ мебошад.
Ахиран Бағдодӣ дар пайи ҳамлаҳои зиёди мусаллаҳонаи ҷангҷӯёнаш, ки мунҷар ба забти қаламравҳои бузурги минтақаҳои суннишини Ироқу Сурия то кунун гардид, рӯзи аввали моҳи Рамазон аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дода, худро халифаи мусулмонон эълон кардааст. Ба гуфтаи ҷангҷӯёни ДИИШ, онҳо то ҳол шаҳрҳои Мавсил ва Тикрити Ироқро таҳти тасарруфи худ қарор дода, ҷанговарони он қасди ғасби Бағдодро доранд. Инчунин контроли гузаргоҳи аслии марзии миёни Ироқ ва Сурияро дар ихтиёр дошта, шаҳри Абӯ Камоли Сурия, ҳаммарзи Ироқро низ ғазб кардаанд.