“Туркҳо калтаву қадпаст... чашмтанг ва монанди хитоиҳо камришанд”
Сарабек БЕКЗОДА
Аввалаш инҷост
Олими туркшиноси машҳури Шӯравӣ Гумилёв Л.Н. дар китоби “История народа хунну” (саҳ.25) баромади халқи узбакро чунин шарҳ додааст: “Узбакҳо дар натиҷаи омезишёбии халқияти аврупоӣ ва муғулӣ ташаккул ёфта, нишонаҳои ҳарду нажодро дар худ таҷассум кардаанд”. Дар ин матн Гумилёв гуфтанист, халқи узбаки муғултабор баъд аз ворид шудан ба Мовароуннаҳру Хуросон аз асри 16 сар карда, то асри 20 милодӣ дар натиҷаи омезиш ёфтан бо тоҷикони аврупоинажод ташаккул ёфтаанд ва таърихи мазкур ҳамагӣ 500 солро дар бар мегирад. Зеро Осиёи Миёна ё Тӯрони Кабир ватани бумии мардуми нажоди ориё-аврупоидоштаи тоҷик аст ва тибқи таърих қабилаҳои туркию муғулӣ бо шумораи 300 ҳазор бо роҳбарии Шайбонии нажоди муғулидошта, (Шайбонихон нажоди худро аз Чингизхон мегирад. С.Б.) вориди ватани тоҷикон, Мовароуннаҳру Хуросон гаштаанд.
Олими англис Роберт Ша нисбат ба мардуми нажоди муғулию туркидошта, дар ҷамъи умум, чунин суханҳоро иброз медорад: “Туркҳо калтаву қадпаст, барҷастарухсор, паҳнбинӣ, чашмтанг ва монанди хитоиҳо камриш ҳастанд”. Агар мо гуфтаҳои Улуғбеки аз ҳисоби модар тоҷикнажод, олими англис Роберт Ша, олим ва таърихнигори Шӯравӣ Гумилёв Л.Н. ва олими қазоқ Чокан Валихоновро ба назар гирем, маълум мегардад, то ба асри 20 милодӣ аҳолии асосии на ин ки Бухорою Қӯқанд, балки дигар шаҳру деҳоти ободи Узбакистони имрӯзаро аз назари антропологӣ тоҷикон ташкил мекарданд ва мекунанд. Он ҳуҷҷатан узбакҳое, ки аҳолии имрӯзаи шаҳру деҳоти Узбакистонро ташкил намуда, андоми аврупоӣ (тоҷикӣ) доранд, суғдиҳо-тоҷикҳое мебошанд, ки тӯли асрҳо забони туркиро қабул намудаанд. Имрӯз тоҷикҳои шаҳру вилоятҳои Самарқанду Бухоро, водии Фарғона, Намангон, Қашқадарёю Сурхондарё, ки шакли аврупоӣ (тоҷикӣ) доранд, танҳо ба тарзи зӯрӣ ҳуҷҷатан узбак шудаанд, аммо дар асл ҳама тоҷиканд.
Тибқи гузориши Рустам Абдуллоеви нотавонбин гӯиё Осиёи Миёна ватани узбакҳо бошад ва дар асри зисти Темури Ланг аҳолии кишвари мазкурро узбакҳо ташкил намуда, тоҷикон нухбагони узбак буда, бо забони форсӣ ҳарф мезананд, дурӯғи маҳз аст ва аз ақл бегона будани Рустам Абдуллоевро нишон медиҳад. Дашном нисбат ба халқе, ки саромади нажоди мардуми ориёӣ ҳисоб мешавад, аз ин зиёд буда наметавонад. Аз ин назар, мо лозим донистем оид ба халқи ориё-тоҷик, ки тибқи устураҳои юнониву римӣ зодаи галаситораи Ориён ҳастанд, ба замин, аз ҷумла, ба Бадахшон фуруд омада, бо духтарони падарбузурги халқиятҳои нажоди ҳиндуаврупоӣ - Ҷамшед издивоҷ намуда, аз нав насли инсониро ба вуҷуд овардаанд, ақидаронӣ намоем.
Ксеркс (Ҳушиёршоҳ) - писари Дорои Кабир, ки баъд аз фавти падараш зимоми давлатдории империяи бузурги Форсро дар даст дошт, тазаккур медиҳад, ки «мо, форсҳо, худамонро фарзандони Персей медонем». Дар «Инҷил» омадааст, мардуми Форс насаби худро аз писари Ёва Форс мегиранд. Ёва бошад писари Ёфис мебошад ва Ёфис дар навбати худ фарзанди пайғомбар Нуҳ (Ной) мебошад. Ной, ки тибқи гузориши Тавроти Мӯсо ва Инҷили Исо падарбузурги аҳли башар аст, аз назари бисёр олимон ва таърихнигорони аҳли атиқа, асрҳои миёна ва олимони муосири рус баромади ориёӣ дошта, яҳудиён мутобиқ ба забонашон дар Таврот ва Инҷил Ной гуфтаанд. Вожаи Ной баромади забони ҳиндуаврупоӣ дошта, дар асл «Нав» мебошад.
Нав ин нахустпайғомбарест, ки тибқи устураҳо баъд аз обхезии ҷаҳонӣ қавми нажоди ҳиндуаврупоидоштаро наҷот медиҳад. Аз дигар тараф, пайғомбар Ной-Нуҳ – Нав прототипи Ҷамшеди пешдодӣ мебошад ва мардуми ориёиро маҳз ӯ бо хоҳиши худои Аҳурамаздо қалъае бо номи Вар сохта, аз ҳалокат озод менамояд. Вожаи Вар баромади забони авастоӣ дошта, маънии қалъаро медиҳад, ки дар китоби Авастои Зардушт ба тарзи мушаххас омадааст. Бо истифода аз далелҳои зикргардида ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, башарро маҳз марди ориёие бо номи Нав - Ҷамшед, ки тибқи гузориши китоби Авастои Зардушт ва «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ аз гузаштагони ориё-тоҷикон аст, пеш аз обхезии ҷаҳонӣ аз марг наҷот медиҳад.
Ягайла Ган дар асри 9 милодӣ иброз медорад: “Ҷамшед шоҳи нахустини тамоми қавмҳои ориёӣ ба ҳисоб меравад ва ӯ набераи худои Сварог (худои офтоб) ва абераи худои Аҳурамаздост”. Темур дар «Темурнома» иброз медорад, ки дар бораи шахсияти Ҷамшед ва корҳои бузурги ӯ аз «Шоҳнома» хондааст ва аз корнамоиҳои ӯ хабар дорад. “Ман медонам, ки бисёр шаҳрҳои Эронро ӯ поя гузоштааст”,-гуфтааст Амир Темур.
Адиб ва муаррихи тоҷик Мирзо Шукурзода иброз медорад: “Ҷамшед (Ҷам) писари қаҳрамони офтобӣ ё шоҳи офтобӣ буд. Барои ҳамин, ӯ лақаби «Хшатра», ҳукмрони тоҷи нурдор, рӯшноидор, фурӯғдорро дошт”. Ба назардошти устураҳои юнонӣ, ки нахустватани халқи форсро галаситораи Персей ё Ориён медонанд, аз як тараф, аз тарафи дигар тибқи Тавроти Мӯсо ва Инҷили Исо форсҳо нажоди худро аз писари Ёфис Форс мегиранд ва тибқи гузориши Ягайла Ган Ҷамшед набераи худои Сварог ва абераи Аҳурамаздост ва тибқи гузориши Мирзо Шукурзода Ҷамшед падарбузурги ориё-тоҷикон аст ва ҳукмрони тоҷи нурдор, рӯшноидор, фурӯғдор аст, ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки гузаштагони тоҷикон одамони заминӣ набуда, балки осмониянд. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки худи калимаи Порс шакли каме дигаргаштаи Персей (Ориён) аст. Аз инҷо халқи форсу тоҷик ва забони форсӣ-порсӣ аз номи ситораи Персей гирифта шуда, боз як бори дигар тибқи устураҳо одамони осмонӣ будани гузаштагони тоҷиконро нишон медиҳад. Хонадони Митридотҳо, ки аз гузаштагони тоҷикон буда, дар Юнони шарқӣ подшоҳӣ мекарданд, низ худашонро фарзандони худои Митра (Меҳр-Офтоб) медонистанд ва аз ҳамин ҳисоб номи худро Митридод номидаанд ва худои Меҳрро (Митраро) мепарастиданд.
Муҳақиққи толишӣ Б. Шаҳсойлу тазаккур медорад, ки вожаи «Тоҷ» дар забони толишӣ маънии ҷойгоҳи Худо ва «чига» маънои рамзии болои гулчанбарро дорад». Хонандаи гиромӣ, имрӯз дар ҳавзаи Қафқоз ва шимоли Эрон аз ҷумла Гелон мардуми толиш зиндагӣ доранд, ки эронитабор ҳастанд ва забони ин халқ ба забони тоҷикӣ хеле наздик буда, ба гурӯҳи забонҳои шарқи эронӣ ворид мешавад.
Таърихнигори асри 4 милодӣ Зайнаб Глеб дар китоби «Хроника Тарона» тазаккур медорад, ки шаҳри Вешапи Арманистонро, ки шаҳри худоён аст, Фаридун бо бародараш Гесун поя гузоштаанд. Агар мо гуфтаҳои Зайнаб Глебро ба инобат гирем, ба чунин натиҷа мерасем, ки шаҳри Вешапи Арманистонро Фаридун бо бародараш баъд аз созмон додани шаҳри Вешап-Вешаби нахустин, ки дар аҳди қадим иқоматгоҳи худоён будааст, дар Вешап-Вешаби ноҳияи Айнӣ (Фалғар дар гузашта) бинем. Зеро Фаридун бо бародаронаш Гесуну Масҳо маҳз аз Осиёи Миёна баъд аз созмон додани шаҳру деҳаҳо дар ватани худ халқияти ориёиро ба минтақаҳои Осиёву Аврупо бароварда, шаҳру деҳаҳоро созмон дода, бо номи худ гузоштаанд, ки дар китоби Велеса Ягайла Ган арзёбӣ шудааст. Мисоли он Вешапи имрӯзаи дар ноҳияи Айнӣ буда ва ноҳияи Кӯҳистони Масҳо (Масчо) мисол шуда метавонанд.
Имрӯз дар Олмон (Германия) шаҳре арзи ҳастӣ дорад бо номи Гесен ва тибқи устураҳои халқи Олмон шаҳри Гесени Олмонро бародари Фаридун Гесун бунёд дода, ба ифтихори худ номгузорӣ кардааст. Пас, барои чи мо шаҳри худоён Вешапи аввалинро дар ҳудуди Вешаби имрӯзаи ноҳияи Айнӣ набинем! Бояд тазаккур намоям, ки дар аввали асрҳои миёна, шаҳри имрӯзаи Истарафшон «Фағкат» ном доштааст. Калимаи Фағ баромади забони авастоӣ (суғдӣ) дошта, маънии Худоро медиҳад. Гузаштагони точикон фағро ҳамчун худо мешинохтаанд ва мавриди парастиши худ пеш аз ба арсаи таърих баромадани дини авастоӣ қарор дода будаанд. Аз инҷо гуфтан мумкин аст, ки дар аҳди антиқӣ шаҳри имрӯзаи Истарафшон бо номи Фағкат дар байни мардуми ориё-эронӣ шинохта мешуд ва ҷойгоҳи худоён будааст. Ақидаи моро олим, муаррих ва нависандаи шинохтаи муосири рус Ю.Д. Петухов дар китоби «Руси древного Востока» дастгирӣ намуда, тазаккур медорад, ки «Кишвари Форс иқоматгоҳи худоён мебошад».
Чи хеле дар боло тазаккур доштем, дар Олмон шаҳре бо номи Гесен арзи ҳастӣ дорад ва ин шаҳр ба ифтихори бародари Фаридун Гесун номгузорӣ шудааст ва мардуми Олмон гузаштагони худро аз Хуросон медонанд. Шояд аз ҳамин назар донишманд ва файласуфи номвари олмони Иоҳан Готфрид Гердер бо ҳисси ифтихор навиштааст, «ҳар як подшоҳи олмонӣ ва мардуми олмонӣ бояд аз он ифтихор намояд, ки эшон ба миллати форсу тоҷик решаҳои хешовандӣ доранд». Дигар донишманди аврупоӣ Рафаел Дюмен дар «Сочинение» (ҷилди 2, саҳ.760) баъд аз омӯхтани баромад, таърих, маданият ва адабиёту санъати халқи сарбаланди нажоди ориёидоштаи тоҷик ба чунин натиҷа расидааст, ки «Агар тамоми халқиятҳои Шарқро кӯр бишуморем, он гоҳ халқи форсу тоҷикро метавон якчашма донист”. Шоири тоҷик Унсурии Балхӣ ва бузургтарин шоири форсигӯй Иқболи Лоҳурӣ ба истифода аз сарчашмаҳои дар боло зикршуда, ки гузаштагони халқи куҳаннажоди ориётоҷикро одамони аз галаситораи Ориён (Персей) ба замин фаромада гуфтаанд, ба назар гирифта, борҳо забони тоҷикӣ - форсӣ ва худи мардуми тоҷикро одамони осмонӣ ва забони форсиро забони бошандагони аҳли Миррих гуфтааст, ки аз ориёнажод будани халқи тоҷику-форс огаҳӣ медиҳад. Аз ҷумла, Унсурии Балхӣ дар яке аз шеърҳои худ мефармояд:
Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,
Нагӯяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ.
Аллома Иқбол низ бошандагони аҳли Миррихро дар форсу тоҷикҳо ва забони аҳли Миррихро забони форсӣ-дарӣ гуфтааст.
Одамиро дид, чун гул баршукуфт,
Дар забони Тӯсиву Хайём гуфт:
Ин ҳама хоб аст ё афсунгарӣ,
Бар лаби миррихиён ҳарфи дарӣ.
(Идома дорад)