Шералӣ Мирзо: “Масъалаи пойгоҳи Русияро мусбат ҳал кардаем”
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, бо ҳамтои русаш - Сергей Шойгу мулоқот ва масоили марбут ба пойгоҳи низомии 201-и Русия дар кишварро баррасӣ кардааст.
Ин дидори вазири дифои кишвар бо ҳамтои русаш дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифта, дар он Шералӣ Мирзо инчунин масъалаи тақвияти артиши Тоҷикистонро низ ба миён гузоштааст.
Сергей Шойгу гуфтааст, кишвараш барои баррасии масоили марбут ба ҳамкорӣ ва тақвияти неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон амалан омода мебошад: “Ҳар чӣ ки инҷо имкон дораду аз вазорати дифои Русия вобаста мебошад, омодаем сари миз барои баррасии он нишинем.”
Вазири дифои Тоҷикистон низ дар навбати худ аз ҳамтои русаш сипосгузорӣ карда, аз ӯ даъват кардааст, сафари кориеро ба Душанбе анҷом диҳад: “Ду мушкиле, ки онҳоро стратегӣ медонем, яке аз онҳо масъалаи будубоши пойгоҳи низомии 201-и Русия аст, ки албатта, ба тарафи мусбат ҳал кардем ва мушкили дигар ин барномаи муосиргардонии неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст.”