Барканории раиси “Барқи тоҷик” ва мансаби нави Рустами Мирзо (Раҳматов)
Рустами Мирзо (Рустам Раҳматов), раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, рӯзи 5 июл бо фармони Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомаш барканор ва раиси ширкати “Барқи тоҷик” таъин гардидааст. Оқои Мирзо моҳи январи соли гузашта аз курсии раиси ноҳияи Айнӣ ба раёсати ноҳияи Зафаробод рафта буд.
Бо фармони дигари оқои Раҳмон, ба курсии холимондаи Рустами Мирзо Қодир Арбобов нишастааст, ки дар гузашта ба ҳайси сардори базаи таъмири идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Зафаробод кор мекард.
Дар ҳамин рӯз, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 452 Аслиддини Гулмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ширкати “Барқи Тоҷик” озод карда шудааст. Инчунин, Маҳмудзода Мирзо, муовини аввал ва Сулаймони Қосим, муовини раиси “Барқи Тоҷик” низ аз мақомҳои худ барканор гардида, феълан ба ҷои онҳо Ҷамшед Бобоев ва Баҳром Азимов омадаанд.