Комил баъди бозгашт аз Сурия: “Мегуфтанд, мепаронӣ, ҷиҳод мекунӣ, шаҳид мешавӣ!”
Комил Шукуров, як сокини ҷавони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, шоми 4 июл дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон пайдо шуда, эълон кард, баъди бозгашт аз Сурия худро ба мақомоти кишвар таслим намудааст.
Шукуров дар ин барнома, ки дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ омода кардааст, гуфт, ӯро аввал барои таҳсил ба Сурия бурда, баъдан барои иштирок дар ҷангҳои ин кишвар ташвиқ кардаанд. Ин сокини ҷавони Спитамен дар суҳбатҳои худ аз Сайфиддин Файзуллоев ном гирифт, ки гӯиё ӯро ба Сурия бурдааст.
“Дар тӯли 4 рӯз дар Сурия будам. Мақсади онҳо тамоман дигар будааст. Ҳадафашон барпо кардани хилофат аст. Онҳо мегуфтанд, мепаронӣ, шаҳид мешавӣ, ҷиҳод мекунӣ, мекушӣ. Назди Худо савобаш баланд. Шароити ҷои зистамон хуб набуд, дар як ҳуҷра 20-30 нафар будем”,-нақл кард Комил Шукуров дар барномаи телевизионӣ.
Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ин барнома гуфтанд, “пешвоёни иттиҳод бо ғояҳои зиддиҳукуматӣ ва ташкили хилофат Комил Шукуровро ба худ моил карданӣ будаанд, вале Шукуров барои ислоҳи хатоии худ бо пешниҳоди аризаи пушаймонӣ ихтиёран ба Ватан баргашт, ки ин ба манфиати ӯ хоҳад буд. Зеро дар банди 187-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон омадааст, шахсе, ки ихтиёран оид ба иштирокаш дар иттиҳодияи ҷиноӣ ба мақомот иттилоъ дода, барои пешгирии фаъолияти он мусоидат мекунад ва агар дар кирдори ӯ таркиби ҷиноятии дигар набошад, аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад”.
Ҷанги шаҳрвандии Сурия аз баҳори соли 2011 ба ин сӯ идома дорад. Ин нооромӣ дар пайи эътирози бархе аз сокинони ин кишвар алайҳи ҳукумати Башшор Асад, ки аз соли 2000 инҷониб қудратро дар даст дорад, ба миён омад. Баъдан нооромиҳо ба задухӯрди мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифон табдил ёфта, то имрӯз садҳо нафар аз мардуми осоишта дар ин ҷанг ба ҳалокат расидаанд.
Қазияи ҳузур ва иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар нооромиҳои дохилии Сурия ба як масъалаи баҳсбарангез ва нигаронкунанда табдил ёфтааст. Дар охирҳои соли гузашта Сергей Смирнов, муовини аввали раиси ФСБ-и Русия, гуфта буд, мушкили кирояи ҷангҷӯён дар тамоми кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Тоҷикистон ҷой дорад. Ба гуфтаи ӯ, аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Қазоқистону Узбакистон низ ҷангҷӯёни кироя алайҳи ҳукумати Сурия меҷанганд.
Аз сӯи дигар, Аҳмад Бадриддин Ҳассун, муфтии аъзами Сурия гуфта буд, теъдоди тоҷикон, ки дар ин кишвар алайҳи ҳукумат меҷанганд, 190 нафар арзёбӣ мешавад. Моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон барои аввалин бор се ҷавони тоҷикро ба иттиҳоми иштирок дар муборизаҳо алайҳи ҳукумати Башшор Асад дар Сурия ба муҳлати ду солӣ маҳкум ба зиндон кард.
Баъдан, моҳи апрели соли ҷорӣ хабар дода шуд, ки Масрур Иброҳимов, сокини ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, аз сӯи нерӯҳои давлати Сурия дар яке аз навоҳии ин кишвар кушта шудааст. Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, Иброҳимов 22 марти соли ҷорӣ ҳангоми набардҳои мусаллаҳона алайҳи ҳукумати Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, ҷон бохтааст.
Масъулини ВКД мегӯянд, ин сокини ноҳияи Исфара моҳи декабри соли гузашта Тоҷикистонро ба нияти Русия тарк мекунаду баъдан бо даъвати хоҳараш, ки ба яке аз сокинони Сурия ба шавҳар баромадааст, озими ин кишвар мешавад. Маъмурини Вазорати умури дохилии кишвар, ки зимни барномаи телевизионии “Сипар” дар ин бора хабар медоданд, инчунин, аз иштироки дигари як сокини 27-солаи Исфара дар ҷангҳои Сурия алайҳи ҳукумати Башор иттилоъ доданд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ Илҳом Ҳакимов ном бурда шуд, ҳамроҳи зану фарзандаш ҳоло дар Сурия ба сар мебарад.
Дар барномаи “Сипар” ду бародари Илҳом Ҳакимов – Нуриддин ва Қаюм низ ин хабарро таъйид карда, иқрор шуданд, ки онҳо барои инқоли зану фарзанди бародарашон ба ӯ кумак кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, оилаи Ҳакимов тавассути қаламрави Русия ва Туркия вориди Сурия шудаанд.