Огоҳии Убайдуллоев ба Ворис Муродов, сардори Раёсати Агентии омор
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдории Душанбе, ба Ворис Муродов -- сардори Раёсати Агентии омори пойтахт дар робита ба фаъолияти ғайрикасбии ниҳоди зертобеаш дар арафаи моҳи шарифи Рамазон огоҳӣ додааст.
Убайдуллоев дар як ҷаласаи ахираш аз мониторинги нархҳо дар бозори истеъмолии шаҳри Душанбе нисбат ба маълумоти омории Раёсати Агентии омори пойтахт нигаронӣ карда, онро ғайрикасбӣ хондааст. Ин огоҳии шаҳрдорӣ дар ҳолест, ки бо оғози моҳи шарифи Рамазон ҳамасола нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Душанбе, беасос боло меравад.
Ӯ қаблан, ҳангоми ҷаласаи васеи корияш, низ бори дигар аз болоравии беасоси нархи маводи ғизоӣ дар моҳи шарифи Рамазон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, имсол шаҳрдорӣ ба имону инсофи соҳибкорон такя намуд ва барои ҷилавгирии нархҳо санадеро таҳия накард. “Аммо тавре воқеият нишон медиҳад, имондорию инсофи бархе аз соҳибкорони мо мисли сухани каҷрафторон аз ҳам тафовути зиёд доранд, ки боиси бе ягон асос болобарии нарх ва поймолшавии ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳр гардидааст”,-афзудааст Убайдуллоев.
Дар ҳоле ки шаҳрдорӣ дар гузашта барои моҳи шарифи Рамазон нархномаи маҳсулоти ниёзи аввалиро таҳия мекард, ки тоҷирон уҳдадор буданд, онро риоя намоянд. Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе ибтидои ҳафтаи равон хабар дода буд, ки бо дастури раҳбари ин ниҳод, барои назорати супоришҳои мазкур қарор шудааст, дар тамоми дуконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои пойтахт дурбинҳои назоратӣ насб шавад.