Хабаргирии баҳсбарангези Шабнаму Фарзона аз Фурқат Қосимов дар зиндони №1
Як манбаъ аз Муассисаи ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, Фарзонаи Хуршед – хонандаи маъруфи попи тоҷик бидуни иҷозаи расмӣ вориди зиндони рақами яки Душанбе шудааст. Ин ҳодиса як ҳафта пештар иттифоқ уфтода, ба қавли манбаъ, Фарзона ҳамроҳи хоҳараш -- Шабнами Сурайё мехостаанд, аз ҳоли Фурқат Қосимов, хоҳарзодаи Сурайё Қосимова, хабар бигиранд. Фурқат ба ҷурми узвият дар ҳизби мамнӯи “Таҳрир” зиндонӣ будааст.
“Тибқи қоидаҳои дохилӣ Фарзона, ки қаблан зиндонӣ буд, наметавонист вориди маҳбас шавад. Даромадани Шабнам тибқи қонунгузорӣ дуруст аст, аммо маълум нест, Фарзона бо мусоидати кӣ вориди зиндон шудааст”,-афзуд манбаъ. Мусоҳиби мо илова кард, ҳарчанд ин хабаргирии Фарзонаи Хуршеду Шабнами Сурайё баҳсбарангез буд, аммо касе барои ворид шудани, ба гуфтаи ӯ, ғайриқонунии Фарзона ба зиндон муҷозот нашудааст. "Баъд аз панҷ дақиқаи ин ҳодиса шахсан Иззатулло Шарифов, муовини вазири адлия, аз ҳодиса бохабар шуда омад ва онҳоро аз зиндон берун кард",-илова кард манбаъ.
Фарзонаи Хуршед, духтари Сурайё Қосимова ва хоҳари Шабнами Сурайё, моҳи феврали соли 2010 ба ҷурми мусоидат дар фирори дӯстписараш - Фаррух Рӯзиев ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт ӯро бар асоси моддаҳои 36 (қисми 5), 365 (қисми 1)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор донист.
Баъди аз маҳбас раҳо шудан Фарзона ба сифати меҳмон дар озмуни "Big Apple Awards"-и Амрико ҳунарнамоӣ ва ҳамроҳи хоҳараш Шабнам таронаи “Баро-баро”-ро иҷро кард. Дар соли 2012 Фарзона, Шабнам ва модарашон Сурайё барномаи бузурги консертиеро бо номи “Баъди борон” низ баргузор намуданд.
Нахустин қадамҳои Фарзонаи Хуршед рӯйи саҳнаи шоу-бизнес соли 2000 гузошта шудааст. “Ёр, биё, ёр”, “Модар”, “Гардаме”, “Дарди ниҳон”, “Ёрумо”, “Ҷӯраҷон”, “Эй ошиқон” ва “Чашмхумор” аз маъруфтарин таронаҳои ӯ то замони пушти панҷара рафтанаш ҳастанд. Дар ин миён чанд таронаи хонандаҳои эронӣ, бо шумули хонум Гугуш "Оҳуи ишқ" ва Комрону Ҳумон "Маро бубахш"-ро, низ бозхонӣ кардааст.