“Сарбозонро ба корҳои берун аз хидмати ҳарбӣ ҷалб накунед!”
Созмони иҷтимоии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” аз ниҳодҳои зирабти кишвар даъват кардааст, сарбозонро ба корҳои берун аз хидмати ҳарбӣ ҷалб накунанд.
Ин ташкилот дар варақаи иттилоотии худ, ки нусхаи он дастраси “Озодагон” низ гардид, гуфтааст, “сарбозон гурӯҳи вижаи шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба ҳимояи махсус ниёз доранд, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбие, ки бо ин ё он асос дар госпитали низомӣ таҳти муолиҷа қарор доранд, набояд ба корҳое, ки бо гузаштани хизмати ҳарбӣ алоқаманд нестанд, машғул шаванд.”
Ба навиштаи “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, банди 8-и Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон маҳдуд намудани ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбиро, ки Сарқонуни кишвар ва санадҳои дигари меъёри ҳуқуқӣ кафолат додааст, манъ мекунад: “Хизматчиёни ҳарбие, ки дар госпитал ва худи қисми ҳарбӣ ба ёрии тибби муҳтоҷ мебошанд, дар вақти муолиҷа ва муоина аз корҳо ва машғулият озод карда мешаванд.”
Ин даъвати ташкилоти мазкур дар ҳолест, ки кормандони он рӯзи 17 январи соли ҷорӣ дар назди даромадгоҳи Раёсати Тиббӣ, комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ ва госпитали ҳарбии қисми ҳарбии 45010-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хизматчиёни ҳарбии бемореро дидаанд, ки ба фасли сармо нигоҳ накарда бо сару либосҳои номувофиқ ба рӯбучин ва тоза кардани барфҳо машғуланд.
Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, бо гирифтани акси ин ҳолат мустақиман ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз болои дастандаркорони ин қазия шикотя бурдааст. Ба қавли онҳо, масъулини кумита расман ҷавоб дода, гуфтаанд, ки гӯиё нисбати шахсони дахлдор чораҳои зарурӣ андешида шуда, минбаъд ба роҳ надодани чунин камбудҳо супоришҳои қатъӣ дода шудааст. Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ миннатдории худро ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои саривақт санҷиш гузаронидани ҳолати мазкур изҳор менамояд.