Абдулқодирзода: “Дар сар саллаву дар тан ҷелаку... фаҳш... Хуни сарам то ҳол меҷӯшад” (САДО)
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон, аз сокинони кишвар хост, дар мубориза алайҳи “муллоҳо”-и ҷодугару фолбинҳо ба мақомот кумак кунанд. Ӯ рӯзи 4 июл дар намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “ҳар куҷо ҷодугару фолбин ё ба ном муллое дидед, ки зану хонаҳои мардумро ҳаром мекунанд, зудтар ба Маркази исломӣ ё Кумитаи дину мақомоти давлатӣ хабар диҳед.”
САДОИ АБДУЛҚОДИРЗОДА
Раиси Маркази исломии Тоҷикистон бетарафиро асоси бадбахтии инсон хонда, бо овардани ҳадисе аз паёмбар (с) таъкид дошт, ки ҳар кас дар баробар ҳақ хомӯш меистад, мисли шайтони гунг аст (Ас-сокиту ъанил ҳақ ка аш-шайтон ил-ахрасӣ): “Мову Шумо набояд дар ин бора худро бетараф гирем.”
Абдулқодирзода дар идома ибрози таассуф кард, ки дар ҷомеа бархе нафарон аз Ислом ва бесаводии мардум истифода карда, даст ба номуси занҳои дигарон дароз мекунанд: “Дар наворҳо ҳам тамошо кардем, ки чанд нафари ба ном мулло дар либоси руҳонӣ дохил шуда, дар сар саллаву дар тан ҷелаку риш мондагӣ чӣ корҳоеро анҷом медиҳанд?! Суистифода аз Ислому илми исломӣ ва бесаводии мардум карда, дар роҳи ҳарому ҳаромхурӣ мераванд. Чанде қабл қисмате аз навореро оварда нишон доданд, ки ҳоло ба намоиш гузошта нашудааст, хуни сарам то ҳол меҷӯшад.”
Ин даъвати раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии кишвар вақтҳои охир борҳо аз боздошти бархе нафарони ҷодугару ба ном “мулло” тавассути барномаҳои вижа аз тариқи шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ хабар медиҳад. Ин ниҳод шоми 3 июли соли ҷорӣ низ аз боздошти Бурҳониддин Асомуддинови 86-сола, сокини шаҳраки Гулшани ноҳияи Ашт ба иттиҳоми раво дидани амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба занон хабар дода буд.
Ба иттилои манбаъ, гӯиё Асомуддинов солҳои тӯлонӣ худро “мулло Бурҳониддин” муррифӣ намуда, ҳангоми табобати духтарони ноболиғ ва занҳои безурёт ба номуси онҳо низ дастдарозӣ менамудааст. Манбаъ мегӯяд, “мулло Бурҳониддин” соҳиби 6 фарзанду беш аз 40 набераву абера буда, дар манзили зисти худ корафтодагонро қабул ва дуохониву табобат мекардааст.