САДО: Интиқоди муфтӣ аз онҳое, ки 28 июн рӯза нагирифтаанд
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз тамоми онҳое, ки субҳи 28 июни соли ҷорӣ рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро нагирифтаанд, шадидан интиқод кард. Сайидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, аз рӯи масъулияташ аз ҳамаи онҳое, ки рӯзаи имсоларо субҳи 29 июн оғоз кардаанд, мехоҳад, баъд аз анҷоми ин моҳ як рӯз рӯзаи қазоӣ бигиранд.
САДОИ МУФТӢ
Бар асоси тақвиме, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон чоп кард, рӯзи аввали моҳи Рамазон 28 июн оғоз меёбад. Вале бисёре аз кишварҳои исломӣ рӯзаро субҳи 29 июн оғоз карданд ва бо пайравӣ аз онҳо гуруҳе аз сокинони кишвар низ рӯзадориро 29 шуруъ карданд.
Оқои Абдулқодирзода дар намози ҷумъаи 4 июл гуфт, тақвими моҳи шарифи Рамазонро як тӯда мардуми ғофил не, балки уламову коршиносон таҳия кардаанд ва бояд сокинон аз он пайравӣ намоянд. Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.
Аммо тайи чанд соли охир сокинони мусулмони Тоҷикистон дар оғози моҳи шарифи Рамазон ва таҷлили Иди Фитр дар чорроҳа мемонанд. Зеро бар асоси тақвиме, ки Шӯрои уламо таҳия мекунад, моҳи шарифи Рамазон ва ё Иди Фитр дар муқоиса ба кишварҳои дигари мусулмониву исломӣ як рӯз пештар ва ё қафотар меояд.