Суҳбати Юсуфӣ ва Кавраков бо Александр ва муҳри махфии парвандаи ӯ
Абдуқаюм Юсуфӣ ва Ҳасан Кавраков, вакилони мудофеи Александр Содиқов, ки ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт гардидааст, рӯзи 3 июл бо нафари таҳти ҳимояти худ мулоқот кардаанд.
Ҳасан Кавраков, яке аз ҳомиёни Содиқов, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ба далели он ки тафтишот сирри махфист, ягон иттилоъ дода наметавонад. “Танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки бо Содиқов вохӯрӣ доштем”,-афзуд ӯ.
Мушарраф Содиқова, ҳамсари Александр Содиқов, мегӯяд, ин ду вакили мудофеъро хонаводаи онҳо кироя кардаанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, “ҳуқуқшиносе, ки аз ҷониби давлат барои ҳимоят аз ҳаққи Содиқов таъин шудааст, ба корҳои дигар овора аст”. “Зиёда аз як ҳафта мешавад, бо Зафар Расулов, ҳимоятгари давлатӣ, тамос гирифта наметавонам”,-гуфт дар суҳбати телефонӣ бо мо Мушарраф Содиқова.
Александр Содиқов баъд аз зуҳри 16 июни соли ҷорӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ӯро замоне дастгир карданд, ки бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон дар маркази Бадахшон суҳбат мекард. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте гуфт, Александр дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст. Аммо худи Содиқов мегӯяд, бо фармоиши Донишгоҳи Эксетери Бритониё ба пажуҳиши масъалаи идораи низоъҳо дар Хоруғ машғул буд. То кунун даҳҳо Иттиҳодияи илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо пахши изҳорот аз Содиқов ҳамчун пажуҳишгар ҳимоят карда, хостори раҳоии ӯ шудаанд.