Сафорати Амрико: “Мансабхарӣ дар Тоҷикистон як чизи маъмулӣ шудааст”
Дафтари умури иқтисоди сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо нашри як гузориш тавсияҳои худро барои беҳбуди вазъи сармоягузорӣ дар кишвар ироа кардааст.
Дар гузориши сафорати Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла омадааст, “фақиртарин кишвари пасошӯравӣ - Тоҷикистон бар асоси тамоми нишондодҳои иқтисодӣ аз ҳамсоякишварҳои худ ақиб мемонад. Дар ин кишвар ба сармоягузороне имкони фаъолият дода мешавад, ки коррупсия ва тамоми печдарпечии бюрократиро қабул дошта, робитаи наздик бо мақомҳои баланди давлатиро ба роҳ мондаанд.”
Бино ба гузориши сафорати Амрико, иқтисоди Тоҷикистон аслан аз сармояҳои хориҷӣ, аз ҷумла Чин, Русияву Эрон ва кумакҳои созмонҳои хориҷӣ вобастагии сахт дорад. “Баъд аз тасвиби Конвенсия оид ба эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои арбитражи хориҷӣ дар соли 2012 вазъ рӯ ба беҳбудӣ оварда буд. Он замон гуфтугӯҳо низ дар бораи шомилшавии Тоҷикистон ба созмони тиҷории ҷаҳонӣ анҷом дода шуд. Кодекси нави андози соли 2013 ба ҷои беҳбуди вазъ, баръакс, мушкилтар кардааст”,-омадааст дар гузориши дафтари иқтисоди сафорати Амрико дар Душанбе.
Дар идомаи гузориш таъкид шудааст, то замоне ки Тоҷикистон мушкилоти марбут ба фасод, риоя нашудани қонунҳо, камбуди норасоии нерӯи барқи худро ҳал накунад, мавриди таваҷҷуҳи сармояҳои хориҷӣ мустақиман қарор нахоҳад гирифт: “Мустақил будани низоми додгоҳии ин кишвар аз ҳукумат эҳсос намешавад. Заифии низоми судии Тоҷикистон боис мешавад, то дар баҳсҳои додгоҳӣ одатан ҷонибе пирӯз шавад, ки бо мақомҳои баландпоя шиносоӣ дорад. Ошнобозӣ, хешу маҳалгароӣ ва фасод фазои тиҷориеро ба вуҷуд меорад, ки дар он танҳо шахсони наздик ба мақомҳои давлатӣ метавонанд, фаъолият кунанд. Талошҳои сусти зидди коррупсионии ҳукумати Тоҷикистон бетаъсир будани худро собит кардааст. Дар ҳақиқат, бархе аз ниҳодҳои мубориза бо фасод дар пиёдасозии ангезаҳои сиёсӣ алайҳи мухолифон истифода шудаанд.”
Дафтари иқтисоди сафорати Амрико мегӯяд, пастии маош кормандони давлатиро водор месозад, то барои рӯпуш кардани ниёзҳои худ роҳҳои дигар пулкоркуниро пайдо кунанд ва харидани мансабҳои давлатӣ дар ин кишвар ба як чизи маъмулӣ табдил ёфта, одатан онҳо барои боқӣ мондан дар курсӣ ба раҳбарияти худ ришва медиҳанд.
“Фарҳанг низ нақши муҳимро мебозад: Аз мардум таваққуъ доранд, ки дороии ба даст овардаи худро бо раҳбарият ва оилаи калон тақсим мекунанд. Таҷрибаи шиносбозӣ миёни аъзои қабила, оилаи калон ва раҳбарон ба як чизи маъмулӣ табдил ёфтааст. Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки мустақиман ба президент ҳисобот медиҳад, то ҳол ба чизи назаррасе ноил нашудааст. Боиси таассуф аст, ки дидаву дониста умури марбут ба мақомҳои баланди давлатиро нодида мегирад”,-таъкид шудааст дар гузориши сафорати Иёлоти Муттаҳида.