Шаҳрванди Узбакистон беш аз 100 ҳазор доллари ду тоҷири русро рабудааст
Додситони вилояти Сахалин парвандаи як шаҳрванди Узбакистонро, ки бо роҳи фиреб аз соҳибкорон 3 505 000 рубл, муодили беш аз 100 ҳазор долларро аз худ кардааст, ба додгоҳ ирсол кардааст.
Бино ба иттилои прокуратура ин шаҳрванди 25-солаи Узбакистон охирҳои соли 2012 дар шаҳри Сахалини Ҷанубӣ назди ду соҳибкор рафтаву худро корманди пешбари филиали ширкати “Сахалин Энерҷи Инвестмент Компани ЛТД” муаррифӣ кардааст. Ба онҳо ваъда кардааст, ки барояшон саводи сӯхтро бо нархи аз бозор арзон дастрас мекунад. “Барои ба боварии соҳибкорон даромадан ба суроғаи онҳо як миқдор маводи сӯхт, ки бо пули худи онҳо аз як нуқтаи сӯзишворӣ харидааст, интиқол медиҳад. Ба ин тариқ ба боварии онҳо даромада, 3 505 000 рублашонро гирифта, ғайб мезанад”,-хабар медиҳад манбаъ.