Ҳукумати Русия боҷи содиротиро барои маҳсулоти рўшани нафтии дигар аз 293,6 то 297,5 доллар барои ҳар тонна боло бурдааст.
Аввали соли ҷорӣ боҷи содиротии сўзишворӣ дар Русия 226 доллари амрикоиро ташкил медод ва дар натиҷаи қимматкуниҳои мунтазам, моҳи июн ба 415 доллар сари як тонна расонда шуд.
Владимир Путин моҳҳои июл ва август ҳаҷми боҷро каме коҳиш дода, сар аз якуми сентябр боз қиммат кардааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулини вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки айни ҳол як тонна сўзишворӣ ба кишвар, бо нархи миёнаи 1070 доллар ворид мешавад. Соли гузашта нархи миёнаи як тонна сўзишворӣ 691 доллар ва аввали соли ҷорӣ 843 доллари амрикоиро ташкил медод. Масъулини вазорати рушди иқтисод ва савдо сабаби қимматшавии бензинро ба афзоиши ҳармоҳаи боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия рабт медиҳанд, ки Тоҷикистон сар аз моҳи майи соли гузашта, аз сабаби аъзо набудан дар Иттиҳоди гумрукӣ пардохт карда истодааст.