АКС: Рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи саломатии Шаҳбол Мирзоев
Табибони шифохонаи физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, вазъи саломатии Шаҳбол Мирзоев – сарбози маъюби нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро хуб арзёбӣ карданд.
Анвар Маъруфов, табиби беморхонаи физиотерапевтии ба номи Норматови Хуҷанд, дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, вазъи саломатии Шаҳбол рӯ ба беҳбудӣ овардааст. “То ҳол ба Шаҳбол ғизоро тавассути зонд медоданд. Аз ҳамин рӯз сар карда, худаш хӯрокро истеъмол менамояд, яъне бе ёрии дастгоҳе”,-афзуд ӯ. Ба қавли Маъруфов, дар рӯзи аввали интиқоли Шаҳбол ба беморхонаи онҳо вазъи ӯ ниҳоят хароб буд ва ҳатто дасту пояш ҳаракат намекарданд. “Акнун дасту пояш ҳам ба ҳаракат даромадааст”,-мегӯяд ӯ.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 9 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 6 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.
Рӯзи 19 июни соли ҷорӣ додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбониро, дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, ӯро нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.