Ҳабси “мулло”-и 86-сола ба гумони дастдарозӣ ба номуси духтарон
Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, Бурҳониддин Асомуддинови 86-сола, сокини шаҳраки Гулшани ноҳияи Аштро, ба иттиҳоми раво дидани амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба занон боздошт кардаанд.
Ин ниҳод шоми 3 июл дар барномаи “Ахбор”-и Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон эълон кард, Асомуддинов солҳои тӯлонӣ худро “мулло Бурҳониддин” муррифӣ намуда, ҳангоми табобати духтарони ноболиғ ва занҳои безурёт ба номуси онҳо низ дастдарозӣ менамудааст. Манбаъ мегӯяд, “мулло Бурҳониддин” соҳиби 6 фарзанду беш аз 40 набераву абера буда, дар манзили зисти худ корафтодагонро қабул ва дуохониву табобат мекардааст.
Бар асоси иттилои ВКД, “дастгиршуда аз оҷизиву нодонӣ ва нотавонии мизоҷон истифода бурда, духтарони ба балоғат нарасида ва занҳоеро, ки ҳомила намешудаанд, гӯиё табобат, аммо дар асл бо онҳо муносибати шаҳвонӣ мекард. Барои он ки мизоҷонаш ба ӯ бовар кунанд, ӯ китобҳои зиёди диниро, ки бо ҳуруфи арабиянд, ҷамъоварӣ карда, аз онҳо истифода мекардааст. Аммо дар асл худи ӯ ягон ҳарферо намедонаду намешиносад.”
Худи Бурҳониддин Асомуддинов дар ин барномаи телевизионӣ гуфт, аз кори кардааш пушаймон буда, тавба кардааст ва чӣ кор карданашро худаш низ надонистааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳангоми азназаргузаронӣ аз манзили зисти Бурҳониддин Асомуддинов 130 акси онҳоеро, ки ба назди номбурда меомадаанд, дарёфт кардаанд, ки ӯ бо истифода аз акс ва бо гирифтани маблағ аз мизоҷон амалҳои шаҳвониро анҷом медодааст.
Ҳоло алайҳи Бурҳониддин Асомиддинов бар асоси моддаҳои 247 ва 147-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакист.