Тавофуқоту танишҳои Душанбею Бишкек дар мулоқоти Алимардон бо Маматалиев
Додситонии ҳарбии Қирғизистон амалан таҳқиқи ҳодисаи тирпарронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфараро ба поён расонидааст.
Дар ин бора Абдурраҳмон Маматалиев, муовини сарвазири Қирғизистон рӯзи 3 июл хабар дода, афзудааст, фарзияе аст, ки дар ин қазия марзбонҳои тоҷик гунаҳкоранд. Маматалиев таъкид кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин бора фарзияҳои худро дорад: "Чунин ҳолат дар робита ба қазияи 7 майи соли ҷорӣ низ вуҷуд дорад, ҳарчанд тоҷикон қисман гунаҳкор будани худро иқрор мекунанд.”
Муовини сарвазири Қирғизистон дар шарҳи гуфтаҳояш афзудааст, "раҳбарияти ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири гуруҳҳои корӣ ваъда дод, дар рӯзҳои наздик хисороти дидаи сокинони вилояти Бодканд, ки баробар ба 7 миллион соми қирғизӣ аст, аз сӯи Душанбе ҷуброн хоҳад шуд."
Маматалиев, ки дар ин бора баъд аз ҷаласаи 3 июли гуруҳҳои кории ду кишвар оид ба масъалаҳои марзӣ суҳбат мекард, аз тавофуқи Душанбею Бишкек дар робита ба идомаи сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузараду баҳонаи тирпарронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз шуда буд, хабар дод. Ӯ мегӯяд, созишнома оид ба сохтмон ва истифодаи роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ тибқи лоиҳаи он дар оянда ва роҳи Исфара – Ворух бар асоси ҷадвали хатсайрҳои мувофиқашуда ба имзо расидааст.
Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ рух дода, мунҷар ба захмӣ шудани ҳашт нафар аз ду ҷониб шуда буд. Ба қавли мақомоти тоҷик, дар ин задухӯрд се марзбони тоҷик маҷрӯҳ шуда, дар беморхона бистарӣ гардида буданд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Аз сӯи дигар, мақомоти Бишкек дар ҳоле ангушти иттиҳом сӯи марзбонони тоҷик ишора доранд, ки ин задухурд дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара, аниқтараш қаламрави Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Баҳси масоили марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳолест, ки ин ду кишвар тӯли 970 километр марзи муштарак доранд ва аз ин нишондод танҳо 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.