10 соли зиндон ба Ширинбеков, яке аз “омилон”-и ҳаводиси Хоруғ
Додгоҳи ноҳияи Ванҷ Ширинбеков Ширинбекро, ки қазияҳои ахири Хоруғ аз боздошти ӯ оғоз шудаанд, ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст.
Ширинбеков, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон, деҳаи Сучон, ки рӯзи 20 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ванҷ бо 16 кило («ҳашиш» ва «бангдона») дастгир гардида буд.
Ин дар ҳолест, ки ҳаводиси ахири Хоруғ ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Ширинбеков маншаъ мегиранд. Ӯ баъди боздошташ шоҳидӣ додааст, ки мухаддироти дар мошинаш ёфтшударо як ҳафта пеш шаҳрванд Шанбиев Мунаввар, соли таваллудаш 1972, ҳамдеҳааш, бо як автомашинаи «Ҷип»-и рангаш сиёҳ оварда ба ӯ фармудааст, ки ба шаҳри Душанбе интиқол диҳад ва ӯро дар он ҷо интизор мешаванд.
Ба иттилои ВКД рӯзи 21 майи соли 2014 сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғ Бахтидавлатов Б. мехоҳад Мунаввар Шанбиевро барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун гумонбар дастгир намояд. Аммо ӯ ва шариконаш муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд.
Дар маҷмуъ дар пайи қазияҳои моҳи майи Хоруғ 5 нафар ба ҳалокат расида, биноҳои додгоҳ, додситонӣ, раёсати умури дохилӣ, дар умум хоҷагии вилоят 11 миллион сомонӣ зарар дидааст.