Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Александр Лукашенко
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 3 июл ба унвонии Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус ба муносибати солгарди ҷашни миллии ин кишвар барқияи шодбошӣ ирсол намудааст.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар номаи шодбошияш ба сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар, ки тӯли солҳои охир марҳилаи сифатан навро касб кардаанд, баҳои баланд додааст.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардааст, ки қарорҳои қабулнамудаи ҳарду ҷониб зимни сафари расмияш, ки чанде қабл ба Беларус дошт, такони наве дар рушди ҳамкории кишварҳо хоҳанд шуд: “Шуморо бовар мекунонам, ки ҷониби Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани ин қарордодҳо ба хотири таҳкими минбаъда ва тавсеаи муносиботи дуҷониба аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд”.
Манбаъ мегӯяд, раисиҷумҳури кишвар ба Александр Лукашенко тандурустии комил, хушбахтӣ ва комёбиро таманно намудааст.