Шоми имрӯз дар Душанбе парчами Тоҷикистон, ки бо бузургияш дар ҷаҳон беназир аст, барафрохта мешавад. Он дар канори рости Қасри Миллат воқеъ буда, 165 метр баландӣ дорад.
Оғози сохтмони пояи сутуни парчами Тоҷикистон ҳанӯз аз моҳи ноябри соли 2010 сар шуда, онро кормандони ширкатҳои ватании “Алюминбинокор” ва амрикоии "Trident Support" сохтанд. Сутуни мазкур аслан аз оҳан сохта шуд, ранги сафед дорад, ки ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз аз масофаи дур дида мешавад.Тавре иттилоъ дода мешавад, дар маросими расмии пардабардорӣ аз болои ливои Тоҷикистон ширкати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати ҳукуматӣ ва намояндагони Китоби рекордҳои Гиннес дар назар аст. .
Маврид ба ёдоварист, дарозии матои ин парчам, ки аз ҳар кунҷу канори пойтахти Тоҷикистон намудор аст 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, то кунун баландтарин сутуни парчам дар Озарбойҷон буд, ки 162 метр баландӣ дорад ва баландтарин парчам дониста мешуд. Дар Кореяи Шимолӣ (160 метр), дар Туркманистон (133 метр), дар Урдун (127 метр), дар Амороти Муттаҳидаи Араб (123 метр), Малайзия (100 метр) ва Бразилия (100 метр) як чунин сутунпояҳои байрақ мавҷуданд.