Дар Тоҷикистон назорати кайҳонӣ роҳандозӣ мешавад
Мутахассисони Донишгоҳи давлатии системаи идора ва радиоэлектроникаи Томски Русия дар Тоҷикистон низоми назорати кайҳониро роҳандозӣ мекунанд.
Тавре дафтари матбуоти ин донишгоҳ хабар медиҳад, низоми мазкур барои кашфи захираҳои сангҳои қимматбаҳо дар куҳҳои Бадахшон, арзёбии вазъи заминҳои кишоварзӣ, назорат ва идораи манотиқи марзӣ имкон медиҳад.
Инчунин ба қавли манбаъ, низоми назорати кайҳониро метавон барои шиносоӣ ва бархурд бо мавридҳои изтирорӣ истифода кард.
Донишгоҳи давлатии системаи идора ва радиоэлектроникаи Томск мегӯяд, ҷузъияти ин лоиҳа ва замони роҳандозии он то охирҳои соли ҷорӣ муайян хоҳад шуд.