Додгоҳ писари 20-солаи Мурсиро як сол аз озодӣ маҳрум кардааст
Додгоҳи Миср писари хурдии Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури пешини кишварро барои як сол равонаи зиндон кардааст.
Абдулло Мурсиро дар нигоҳдорӣ ва истеъмоли маводи мухаддир муҷрим шинохтаанд. Ҳамчунин, додрас дӯсти Абдуллоро бо ҳамин ҷурм зиндонӣ кардааст. Бар илова ин ду нафар 1,4 ҳазор долларӣ ҷарима шудаанд.
Абдулло Мурсӣ ҳамаи иттиҳомотро рад кардааст. Ба гуфтаи ӯ, парвандаи марбут ба маводи мухаддир идомаи иттиҳомоти бофтаи мақомот барои сиёҳ кардани номи хонаводаи Мурсӣ ва беобрӯ кардани созмони “Бародарони мусалмон” аст.
Муҳаммад Мурсӣ тобистони соли 2013 баъди як соли дар сари қудрат будан аз сӯи низомиёни Миср боздошт шуд.