Пажуҳиш: Тоҷикон дар Русия 20 мушкили асосӣ доранд...
Муҳайё Нозимова, махсус барои «Озодагон»
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия барои дарёфти кор тақрибан ба 20 мушкили ҷиддӣ дучор мешаванд. Аммо дар Тоҷикистон қарор дошта, ёрӣ расондан ба он муҳоҷирон хеле мушкил аст.
Ин нуктаро ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқҳои инсон» якҷоя бо бунёди пажуҳишии «Зеркало» ҳангоми муаррифии ҳисоботи «Ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия» ироа кард.
Нурмаҳмад Халилов, роҳбари «Маркази ҳуқуқҳои инсон» гуфт, ки бинобар шадидтар шудани қонунгузории Федератсияи Русия тайи ду соли ахир дар мавриди будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик, ки аллакай мақоми «депортшуда»-ро гирифтаанд, масъалаи вазъи ҳуқуқии онҳо боиси нигаронист.
Ба қавли Халилов, ба “Маркази ҳуқуқҳои инсон” шикоятҳои зиёде дар бораи нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон ворид мешавад, ки ҳамагӣ ба кӯмак ниёз доранд: “Аммо дар Тоҷикистон қарор дошта ёрӣ расондан ба он муҳоҷирон хеле мушкил аст. Ин таҳқиқоте, ки имрӯз муаррифӣ шуд барои дар оянда андешидани чораҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои қабулкунанда мусоидат хоҳад кард», -гуфт Халилов Н.
Муҳимияти таҳқиқоти мазкур дар он арзёбӣ мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати узви Конвенсияи байналхалқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо, барои ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ӯҳдадор аст.
«Ҳамзамон, мушкилоти ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар хориҷи кишвар то ҳанӯз амиқ омӯхта нашудааст. Таҳқиқоти мазкур мушкилоти асосии ҳуқуқие, ки бештар муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо он рӯ ба рӯ мешаванд, дар бар мегирад», -иброз намуд Нодира Абдуллоева, ҳамоҳангсози Барномаҳои муҳоҷирати меҳнатии «Маркази ҳуқуқҳои инсон».
Ба иттилои Н. Абдуллоева ҳисоботи мазкур дар худ ҳамчунин проблемаҳоеро инъикос мекунад, ки сохторҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар назди муҳоҷирони меҳнатӣ ба онҳо дучор мегарданд.
Маврид ба ёдоварист, таҳқиқоти мазкур аз моҳи ноябри соли 2013 то моҳи марти соли 2014, бо сармоягузории созмони даниягии DCA ва ICCO, инчунин Бунёди олмонии “Bread for the world” миёни 250 муҳоҷири меҳнатӣ анҷом дода шудааст.
Дар ҳисобот назарсанҷии Маркази аналитикии «Зеркало» нишон медиҳад, ки зимни будубош дар қаламрави Федератсияи Русия муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми бастани шартнома ва ё гирифтани иҷозаи кор, таҳияи варақаи тиббӣ, сабти истиқомат дар ҷойи зист бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳамчунин муҳоҷирони меҳнатӣ аз он шикоят кардаанд, ки дар рӯзҳои ҷашну истироҳат низ ба кор ҷалб мешаванд, аммо маошро қисман ва ё умуман намегиранд ва намедонанд, дар чунин ҳолат чӣ кор кунанд. Баъзе аз муҳоҷирон гуфтаанд, ки корфармо аз рӯзи аввал шиносномаҳояшонро гирифта, онҳоро дар ҳоли итоати маҷбурӣ нигоҳ медорад. Аксари муҳоҷирон медонанд, ки дар шароити ғайрибеҳдоштӣ ва гоҳе барои ҳаёт хатарнок ба сар мебаранд, аммо маҷбуранд ба ин шароит тоқат кунанд.
Пажӯҳише, ки ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия анҷом дода шудааст ошкор намуд, ки бисёриҳо аз дастури президенти Тоҷикистон дар бораи интиқоли ройгони ҷасади муҳоҷирон ба воситаи ширкати «Тоҷик-Эйр» хабар надоранд. Маъмулан, барои интиқоли ҷасад, ки то 3000 доллари амрикоӣ харҷ дорад, аз худи муҳоҷирон ё диапсораҳо пул ҷамъ мекунанд.
Гулнора Бекназарова, намояндаи маркази аналитикии «Зеркало» гуфт, ки аз сӯҳбат бо муҳоҷирон маълум мешавад онҳо барои ҳалли мушкилоти ҳуқуқии худ пеш аз ҳама ба наздиконашон муроҷиат мекунанд.
«Натиҷаи пажуҳиш нишон дод, ки баъзан муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ ба ташкилотҳои ҳуқуқӣ ва диаспораҳо муроҷиат мекунанд, аммо вақтҳои охир яке аз воситаҳои маъмулии ҳал кардани мушкилоти ҳуқуқӣ истифода аз хизмати миёнравҳост. Ва таври маъмул ин миёнравҳо аксаран худ кормандони диаспораҳо ҳастанд, ки бар ивази маблағ ба муҳоҷирон хизмат мерасонанд», - иброз намуд Г.Бекназарова.
Инчунин, дар ин нишаст гуфта шуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо мушкилоти расмиёт, аз қабили гум кардани ҳуҷҷатҳои шахсӣ, барои дарёфти шаҳодатномаи бозгашт ба ватан ба консулгариҳо муроҷиат мекунанд. Таҳлил нишон додааст, ки қиммати як шаҳодатномаи бозгашт ба ватан 200 рубли русӣ тақрибан баробар ба 30 сомонӣ аст, аммо дар назди консулгариҳо миёнаравҳое ҳузур доранд, ки барои дарёфти ин ҳуҷҷат ва бенавбат гирифтани он аз муҳоҷирон то 1000 рубли русӣ – муодил ба 150 сомонӣ ва баъзан бештар аз ин, талаб мекунанд.
Дар ҳамин замина, як масъули Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бар ин аст, ки таҳлили мазкур якҷониба буда, танҳо зимни назарпурсӣ анҷом шудааст. Ба ақидаи ин нафар, бо вуҷуди он, ки гуфтугузорҳо дар мавриди истифода аз кӯмаки миёнравҳо барои ҳалли мушкилот зиёд ба гӯш мерасанд, аммо то имрӯз ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҷилавгирӣ аз ин раванд бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ накардааст.
Ин маъсули Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин зикр кард, ки агар дар чанд соли пеш шумораи шаҳрвандони Тоҷикистоне, ки вурудашон ба Русия манъ шудааст, то 10 ҳазор нафарро ташкил мекард, ҳоло ин теъдод ба маротиб боло рафтааст. Ӯ афзуд: «Ҳоло Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Русия авфи шаҳрвандонеро хостааст, ки зимни қонуншиканиҳои начандон вазнини маъмурӣ аз Русия берун шудаанд ё ба рӯйихатти «сиёҳ» дохиланд».