Манъи фаъолияти сиёсӣ барои ходимони дин дар Мағриб
Муҳаммади 6-ум ибн Ҳасан, шоҳи Мағриб ҳар гуна фаъолияти сиёсиро барои сархатибу имомон ва нафароне, ки бо умури динӣ машғуланд, дар кишвараш манъ кард.
Ӯ дар шарҳи ин фармони шоҳияш гуфт, иқдоми мазкур барои ҳифзи оромиш ва ҳамдигарфаҳмию бародарӣ дар маконҳои мазҳабию динӣ гирифта шудааст. Ичунин фаъолиятҳои иқтисодии уламои ва руҳониёни динӣ дар бахши давлатию хусусӣ ба истиснои машғулиятҳое, ки ба масоили таблиғу пажуҳиши умури динӣ рабт дорад, манъ карда шудааст.
Шоҳигарии Мағриб дар шимолу ғарби қитъаи Африқо ҷойгир буда, беш аз 33 миллион нафар аҳолӣ дорад. Забони давлатӣ арабӣ ва дини расмии ин кишвар Ислом мебошад.