Таърифи раиси Бадахшон аз ходимони дин ва интиқоди депутатҳо
Шодихон Ҷамшед, раиси Бадахшон дар Маҷлиси навбатии вакилони халқи вилоят аз бефаъолиятии намояндагони мардум дар қазияи 21-уми майи Хоруғ интиқод намудааст.
Раиси Бадахшон дар хитоб ба вакилони халқ гуфтааст, дар пайи ҳодисаҳои ахири Хоруғ дар баробари талафоти ҷонӣ ба хоҷагии вилоят 11 миллион сомонӣ зарарӣ моддӣ расонда шудааст: “Он касоне, ки дар ин кори нангин даст доштанд аз дигар ҷо наомадаанд, онҳо фарзандани мо буданд.”
Тибқи иттилои сомонаи “Импулс” Шодихон Ҷамшед изҳори тааҷҷуб кардааст, ки “шумо, вакилони халқ, ки аз мардуми вилоят намояндагӣ мекунед, дар халли мушкилоти халқ саҳми назаррас нагузоштед. Аз дигар манотиқи кишвар ва берун аз он, аз Русия одамон омада барои ҳалли қазияи Хоруғ кӯмак мерасонанд, аммо 69 нафар вакилон халқ дар куҷоянд? Ин воқеъаҳои дирӯзу имрӯз нестанд. Ин воқеъаҳое ки ду сол боз давом ёфта истодаанд. Тамошобин набошед. Кор то дараҷаи оташ задани манзили зист расид. Як чизро фаромӯш насозед, ки агар чунин бетарафу хомӯш бошед, аланга ба хонаи шумо низ мерасад. Баъд чӣ мешавад?”
Шодихони Ҷамшед илова намудааст, таъмири биноҳои харобкардаи Хоруғро роҳбарияти ҷумҳурӣ ба уҳда гирифтааст: “Вазифаи мою шумо танҳо таъмини амният аст.”
Шодихон Ҷамшед ҳушдор додааст, ки “дар интихоботи навбатӣ ба фаъолияти намояндагони халқ баҳогузорӣ хоҳад шуд ва муайян карда мешавад, ки оё баъзе аз вакилон ҳуқуқи маънавии намояндаи халқ буданро доранд ё не? Инро хуб дарк кунед. Ин ба баъзе кормандони ҳокимияти давлатӣ низ дахл дорад.”
Раиси Бадахшон ходимони дини вилояти Бадахшонро мисоли ибрат хондааст, ки дар муътадилсозии вазъи Хоруғ саҳми назаррас гузоштаанд: “Аз ин кори ходимони дин роҳбарияти кишвар низ огоҳанд ва онро хуш пазируфтанд.”
Шодихон Ҷамшед илова кардааст, ки дар шаш моҳи фаъолияти корияш барояш маълум шуд, ки кӣ-кӣ аст: “Барои ҳамин нисбати касоне ки аз рӯи адолат амал намекунанд, чора андешида мешавад. Хизматчии давлатӣ бояд хизматгузори давлат бошад, сиёсати давлатро пеш барад, на гурӯҳу ҳизби алоҳидаро.”