Идомаи баҳси марзӣ дар сафари серӯзаи Алимардонов ба Бишкек
Ҷаласаи навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди ҳалли баҳсҳои марзӣ дар шаҳри Бишкек идома дорад. Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон дар садри як ҳайат рӯзи 2 июл озими Бишкек шудааст.
Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, ҷаласаи ҳайатҳои ду кишвар чун ҳамешагӣ таҳти раҳбарии Муродалӣ Алимардонов ва ҳамтои қирғизаш – Абдураҳмон Маматалиев 2 июл оғоз шуда, се рӯз идома хоҳад кард. Муовини нахуствазири Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафараш ба Бишкек бо Ҷоомарт Оторбоев, сарвазири Қирғизистон мулоқот кардааст. Ҷонибҳо дар ин мулоқот масъалаи боздиди Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар аз Қирғизистонро ба миён гузоштаанд. Аммо дар мавриди санаи дақиқи ин сафар чизе дар расонаҳо оварда нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки вохурии ахири гуруҳҳои кории ду кишвар оид ба масоили марзӣ ҳафтаи гузашта баргзор шуда буд. Дар ин вохурии худ лоиҳаи тавофуқномаи Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили марзиро баррасӣ шуда, сохтмони ду пул ва роҳи мошингарди Кулунду – Максатро низ ба баҳс кашида шудааст. Аммо ба гуфтаи мақомоти қирғиз ҷонибҳо ба тавофуқ нарасидаанд.
Инчунин муовини нахуствазири кишвар низ дар сафари қаблияш аз сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузараду баҳонаи тирпарронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз гуфта мешавад, аз наздик ошно шуда буд.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.